Маҳфили ҷавонони даврони истиқлолият8-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар озмуни мазкур дастаҳои муассисаҳои таълимии деҳоти Басманда, Даҳкат ва Қалъаи Дӯст ширкат варзида, намоиши иштирокчиёнро аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бунафша Қутбиддинова, Сарвар Саидов, Вафоҷон Қулдошов ва Рамиз Холов баҳогузорӣ намуданд. Дастаҳо бо саҳнаю сурудҳо ва ҳазлу шӯхии худ аҳли толорро болидахотир намуда, доир ба мавзӯҳои дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ баромад карданд. Хусусан дастаи МТМУ №47 деҳаи Басманда бештар аз дигар муассисаҳо фаъолнокӣ зоҳир намуда, бо баҳои баланди доварон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.