Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» дар ноҳияи Деваштич

Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» дар ноҳияи Деваштич

15-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» дар ноҳияи ДеваштичТибқи нақшаи НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Деваштич бахшида ба ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмуни ҷамоавии «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» баргузор гардид, ки онро яке аз ҷолибтарин маҳфилҳои наврасону ҷавонон ном гирем хато намешавад. Зеро чунин озмун мақсад ва мароми густариши дӯстию рафоқат байни ҷавонон, бедор намудани завқу рағбати онҳо барои эҷодиёту навоварӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, дарёфти чеҳраҳо ва фаъолони нав ба навро доро буда, қувваи ҷисмониву руҳии онҳоро барои созандагиву бунёдкорӣ равон менамояд. Дар озмуни мазкур дастаҳои муассисаҳои таълимии деҳоти Басманда, Даҳкат ва Қалъаи Дӯст ширкат варзида, намоиши иштирокчиёнро аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бунафша Қутбиддинова, Сарвар Саидов, Вафоҷон Қулдошов ва Рамиз Холов баҳогузорӣ намуданд. Дастаҳо бо саҳнаю сурудҳо ва ҳазлу шӯхии худ аҳли толорро болидахотир намуда, доир ба мавзӯҳои дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ баромад карданд. Хусусан дастаи МТМУ №47 деҳаи Басманда бештар аз дигар муассисаҳо фаъолнокӣ зоҳир намуда, бо баҳои баланди доварон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: