Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ба қадри сулҳу оромӣ бояд расид!

Ба қадри сулҳу оромӣ бояд расид!

22-10-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Ба қадри сулҳу оромӣ бояд расид!Дар толори зебою барҳавои маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ ва донишҷӯёни донишкада вохӯрии хотирмоне дар мавзӯи «Сулҳ, субот ва дӯстӣ» доир гардид.
Ҷамъомадро муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ С. Одинаев бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Дар назди ҳозирин раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Н.Назаров дар боби ваҳдату осоиштагӣ, ҳаёти шукуфону озоди ҷавонони кишвар дар даврони истиқлолият суханронӣ намуд. Сипас, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдулазиз Одинаев дар бораи таъкиду ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи ҷавонон, мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароиту имкониятҳои ба талаботи давр ҷавобгӯ барои онҳо, дастгириҳои ҷавонони эҷодкори ҳамаи макотиби оливу миёнаи кишвар ва нақши ҷавонон дар рушду нумӯи ҳамаи соҳаҳо андешаронӣ намуд. «Ба қадри сулҳу оромӣ бояд расид. Таҷрибаи сулҳи моро ҷаҳониён эътироф намудаанд ва дар бисёр мамолик онро сарчашмаи омӯзиш қарор доданд», - суханашро идома дода гуфт А.Одинаев.
Вохӯриро бо чанд мисраи шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, устод М.Турсунзода дар боби сулҳу дӯстӣ С.Одинаев муовини ректори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ ҷамъбаст намуд.
©Раҷаб Саидӣ, рӯзноманигори ҳафтавори «Мароми Пойтахт»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: