Вохӯрии ду насл13-10-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 13 октябр, дар Коллеҷи тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ дар мавзӯи «Расму русуму оини миллӣ ва вохӯрии ду насл» баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок намуданд.
Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин Абдулазиз Одинаев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наҳтулло Назаров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Камол Насрулло, узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Шаҳло Ашӯриён, директори Коллеҷи тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Абдулазиз Одинаев зимни баромади худ ба як қатор масъалаҳои муҳиму марбут ба мавзӯи мавриди назар дахл намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мақсади гирд омадани мо дар ин толор танҳо ба хотири ёдоварӣ намудан аз воқеаҳои замони гузашта ва фарқ гузоштан байни ду аср XX ва XXI мебошад: -Мо насли калонсол хуб огоҳ ҳастем, ки аз замони навҷавонии мо то замони навҷавонии шумо донишҷӯёни азиз чӣ қадар дигаргуниҳо рух додааст. Тарзи пӯшидани либос, таблиғи оинҳои миллӣ, дастрасӣ ба техникаю технологияи нав, шинохти аслии хеш ва ҳуввияти ватандорӣ далели ин гуфтаҳост. Имрӯз шумо насли хушбахте ҳастед, ки аз фазои истиқлол нафас мекашед ва озодона зиндагӣ мекунед. Барои мо ҳадди ақал шинохти асли хеш дар даврони Шӯравӣ мамнуъ буд. Сипас, Наҳтулло Назаров дар баромадаш иброз дошт, ки имрӯз мо набояд теша ба решаи ободиву озодии худ бизанем. Бетарафии худи мо сабаби аз байн рафтани давлати ободу осуда мегардад. Эҳтиром нагузоштан ба қиммати инсонӣ ва зиндагии арзанда носипосӣ аст. Камол Насрулло бо ибрози миннатдорӣ аз даъват шуданаш ба чорабинии мазкур як чанд шеъри ба тозагӣ эҷоднамудаашро дар васфи Ватан, модар, Тоҷикистон пешкаши ҳаводорон гардонид. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Сино |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.