Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа26-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар робита бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Аксия таҳти унвони «Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа» дар маркази ноҳия бо тариқи роҳпаймоӣ гузарониданд.
Дар Аксияи мазкур зиёда аз 2500 ҷавонони касбу кори гуногун, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳия, донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии маркази ноҳия ширкат варзиданд. Дар ин рӯз ҳамчунин вохӯрии узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Фархор Раҳимзода Раъно бо ҷавонони фаъоли ноҳия дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия ҷавононро ба муносибати идашон шодбош гуфта, ба ҷавонони фаъоли ноҳия, ки саҳми худро дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия гузоштаанд, Ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияро дар фазои тантанавӣ супорид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.