Аксияи «Сулҳ ба ҳама» дар коллеҷи тиббии шахри Кайроккум12-11-2015, 11:06
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Қайроққум бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷроиши вазифагузории Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба гузаронидани аксия таҳти унвони «Сулҳ ба ҳама» Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ва КИ ҲХДТ бо ҷавонони Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум Қосимова Каромат Маҳмудовна, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳомидова Мадина Иброҳимовна, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум-Абдуҷабборова Зебунисо Оқиловна, сармутахассиси шӯъбаи масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаиМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Беков Фахриддин Холмаҳмадович иштирок намуданд. Баромадкунандагон- Абдуҷабборова З.О доир ба мавзӯи «Сарқонун бахтномаи миллат», Беков Ф. Х «Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона» ва Қосимова К.М дар бораи ҳифзи сулҳу амнияти Тоҷикистони азиз ва «Сулҳ барои ҳама» баромад карданд. Дар охир ҷавонон фикру андешаи худро нисбати дастгирии сиёсати пешгирифтаи раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ-мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди таъмини сулҳу амният, ободонии Ватан ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистон баён намуданд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.