Таҷлили Рӯзи дониш1-09-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи дастури узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Фархор Раъно Раҳимзода рӯзи 1-уми сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия Рӯзи дониш ботантана гузаронида шуд. Аз шумораи умумии 72 нафар намояндагоне, ки ба муассисаҳои таълимӣ дар ин рӯз сафарбар шуда буданд, 35 нафарашон аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия буданд.
Ин намояндагон ба омӯзгорону хонандагони мактабҳо вохӯрӣ гузаронида, оиди сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 24 соли Истиқлолият ва оқибатҳои ногувори шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ сухан ронданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.