Ҷашни Иди Ҷавонон дар шаҳри Норак25-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 386 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи омодагиҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Норак якқатор чорабиниҳо гузаронида шуд.
Аз ҷумла, дар ташкилотҳои ибтидоӣ дар НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ, «Беморхона», «Маркази саломатӣ», «Фарҳанг» маҷлисҳои тантавӣ бахшида ба ин рӯз доир гардид. Дар чорабинии ташкилоти ибтидоӣ дар НБО-и Норак доиргардида Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Қумриниссо Гулмуродзода, раиси ташкилоти ибтидоӣ дар НБО-и Норак Шоиддинов Фазлиддин ҷавононро бо ин ҷашн табрик намуда, якқатор ҷавонони фаъол бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар майдони марказии шаҳр вохӯрии раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо ҷавонон баргузор гардид. Бахшида ба ин ҷашни бошукуҳ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр як зумра ҷавонон ва варзишгарони беҳтарин бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин рӯз ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.