Дар Рӯдакӣ 86, 4% ба тарафдории тағйиру иловаҳо раъй доданд23-05-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Чорабинии муҳиму сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия - Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар калонтарин ноҳияи мамлакат - ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯҳияи идона ва дарки масъулияти баланди шаҳрвандон баргузор шуд.
Новобаста ба он ки чанде пештар дар ду ҷамоати ноҳия - шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода ва ҷамоати Зайнабобод офати табиӣ ба хоҷагии халқ хисороти азиме ворид намуд, дар рӯзи баргузории раъйпурсӣ участкаҳои интихоботии маҳалҳои номбурда қатори дигар участкаҳои интихоботӣ намуди идона дошту сокинони маҳал бо рӯҳияи созанда ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ барои раъй додан ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии мамлакат ба нуктаҳои овоздиҳӣ омада, мавқеи хешро оид ба ин масъалаи муҳими сиёсӣ муайян мекарданд. Бино бар иттилои раиси комиссияи ҳавзави Рӯдакӣ-11 дар ноҳияи Зайниддин Арбобов барои баргузор намудани ин чорабинии муҳим дар ҳудуди ноҳия 144 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳудуди ноҳияи шумораи умумии овоздиҳандагон 245 ҳазору 237 нафарро ташкил дода, имрӯз 227 ҳазору 145 нафари онҳо дар участкаҳои раъйдиҳӣ бо роҳи пур кардани баргаҳо мавқеи хешро муайян карданд, ки ба ҳисоби фоиз теъдоди умумии иштироккунандагони он 90, 4% ро ташкил дод, мегӯяд Зайниддин Арбобов. Тибқи ҳисоботи пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон 86, 4 фоиз ба тарафдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия-Сарқонуи мамлакат раъй дода, 4% овоздиҳандагон муқобили он раъй додаанд. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.