Омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ21-05-2016, 10:05
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори кохи фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии Комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Ҷайҳун – 58 бо раисон, муовинон ва котибони 42 участкаи раъйпурсӣ, инчунин мушоҳидони миллӣ, волонтёрони ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва раисони ҷамоатҳои ноҳия баргузор гардид.
Машваратро раиси комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Ҷайҳун 58, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Идораи таъминоти барқи ноҳияи Ҷайҳун Саламшо Аҳёев кушода, оиди вазифаҳои участкаҳои раъйдиҳӣ, таъмини иштироки васеи аҳолӣ дар раъйпурсӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар участкаҳои раъйдиҳӣ, вазифаи мушоҳидони миллӣ ва волонтёрҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар паҳлуҳои кори комиссияҳо маслиҳатҳо дода, аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки ҷиҳати ташкил намудани навбатдории шабонарӯзӣ, тозаву озода нигоҳ доштани участкаҳои раъйдиҳӣ, ташкили вохӯриҳо бо аҳолӣ ва сари вақт дастрас гардонидани хабарномаҳо ба раъйдиҳандагон тамоми корҳоро бинанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.