Раъйпурсиро бо ободӣ пешвоз мегирем19-05-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва сарбаландонаю якдилона гузаронидани Раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия(Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Деваштич шанбегии бонувон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он тозаву озода, ободу зебо ва симои идона ато намудан ба майдону гулгаштҳо ва кӯчаву мавзеъҳои баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ буд. Ҳар як иштирокчии чунин иқдоми кабудизоркунию ободсозӣ бо эҳсоси баланди зебоипарварию созандагӣ саҳмгузори дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи сиёсӣ гардиданашро дарк намуда, бо руҳияи идона дар шанбегии бонувон иштирок дошт.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.