Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷои якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Ҷои якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

22-10-2015, 18:20
Хабарро хонданд: 580 нафар
Назарҳо: 0
Ҷои якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣВарзиш дар ҳама давру замон чун маҳаки саломатии ҷомеа ба ҳисоб рафтааст. Дар шаҳри Истиқлол низ имрӯзҳо ҷавонон-варзишгарони касбӣ фаъолият намуда, ҳам барои саломатии хеш ва ҳам барои баланд бардоштани мақоми шаҳр дар чорабиниҳои варзишии вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ саҳм гузошта истодаанд. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ, ки намуди олимпӣ аст, баргузор гардид. Се нафар варзишгарон аз шаҳр низ дар ин мусобиқа иштирок намуда, дар вазни то 42 кг Абдуғаниев Бахтиёр сазовори ҷойи якум гардид. Хурсандиовар он аст, ки Абдуғаниев Бахтиёр барои гирифтани роҳхат ба бозиҳои олимпии наврасон, ки соли 2018 дар Буэнос Айрес баргузор мегардад, омодагӣ дида истодааст. Ҳамзамон дар ин мусобиқа Назаров Сардор ва Давлатов Қурбоналӣ иштирок намуда, сазовори ифтихорнома гардиданд. Ҳизбиёни шаҳр барои иштироки варзишгарон дар тамрин ва чорабиниҳои варзишӣ саҳми худро гузоштанд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: