
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар Форуми ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти унвони «Инъикоси руҳияи Шанхай — мусоидат ба рушди устувор. СҲШ: масъулият ва рисолати ҳизбҳои сиёсӣ» дар шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷони Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, иштирок доранд. Дар доираи форум Маликшо Неъматзода бо намояндаи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин Чэн Чжоу вохӯрӣ намуд.
Чэн Чжоу барои меҳмоннавозии гарму самимӣ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, ки барояш хотирмон ва арзишманд будааст, ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Инчунин зимни вохӯрӣ вобаста ба таваҷҷуҳи хос ва ҷонибдории доимии роҳбарияти олии Тоҷикистон аз густариши ҳамкории минтақавӣ ибрози назар карда шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таҳким ёфта, бахусус дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ натиҷаҳои назаррас ба бор меорад.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкории байниҳизбӣ ва сиёсӣ бо Чин аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ин робитаҳо манфиатдор буда, барои боз ҳам рушд додани онҳо омода мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2025 раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад. Дар ин замина дар Чин баргузории нишастҳо, форумҳо ва ҳамоишҳои муҳими сатҳи баланди сиёсӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.