Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲХДТ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БО ЧЭНЬ ЧЖОУ

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲХДТ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БО ЧЭНЬ ЧЖОУ

23-04-2025, 16:04
Хабарро хонданд: 500 нафар
Назарҳо: 0
МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ҲХДТ МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА БО ЧЭНЬ ЧЖОУҶумҳурии Мардумии Чин дар соли 2025 раёсати Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба уҳда мегирад. Дар ин замина, дар соли ҷорӣ баргузории нишастҳо, форумҳо ва ҳамоишҳои муҳими сатҳи баланди сиёсӣ ва минтақавӣ дар Чин ба нақша гирифта шудааст.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҷиҳати иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки таҳти унвони «Инъикоси рӯҳияи Шанхай — мусоидат ба рушди устувор. СҲШ: масъулият ва рисолати ҳизбҳои сиёсӣ» дар шаҳри Урумчии Вилояти Мухтори Шинҷони Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, бо ҳайати ҳизбӣ иштирок дорад.

Дар рӯзи аввали сафари корӣ Маликшо Неъматзода бо намояндаи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин, ҷаноби Чэн Чжоу мулоқот анҷом дод. Ҷаноби Чэн Чжоу дар оғози мулоқот аз дидори нав бо ҳайати Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки меҳмоннавозии гарму самимии мардуми Тоҷикистон дар ҷараёни сафари ахири ӯ ба ин кишвар, барояш хотирмон ва арзишманд будааст.

Зимни мулоқот, ирсоли Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои аъзои СҲШ нишонаи таваҷҷуҳи хос ва ҷонибдории доимии роҳбарияти олии Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи СҲШ рӯз аз рӯз таҳким ёфта, бахусус дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.



Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода аз номи ҳайати Тоҷикистон ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки Пешвои муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои байниҳизбӣ ва сиёсӣ бо Чин аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ин робитаҳо манфиатдор буда, барои боз ҳам рушд додани онҳо омода мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: