Шанбе, 12 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо гурӯҳи мушоҳидони байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо гурӯҳи мушоҳидони байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

1-03-2025, 08:57
Хабарро хонданд: 506 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо гурӯҳи мушоҳидони байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Нимаи дуюми 1 марти соли равон муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо гурӯҳи мушоҳидони байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) вохӯрӣ доир намуд.

Мавсуф дар оғози мулоқот аз саҳми СААД дар таъмини суботу амният дар минтақа изҳори сипос намуд ва аз ҳадафу барномаҳои ҳизб ва иштироки он дар Интихобот маълумоти мухтасар пешниҳод кард.

Зимни мулоқот мушоҳидони байналмилалии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба суолҳои худ посухҳои муносиб гирифтанд.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалӣ-минтақавӣ буда, соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 майи соли 1992) таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви СААД Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Созмон дар асоси эҳтироми истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои узв, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои узв вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бо итминон изҳор гардид, ки иштироки ҳайати мушоҳидони Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли равон баргузор хоҳад гардид, бидуни ягон шак, ба таъмини принсипи ошкорбаёнӣ ва шаффофияти ҷараёни омодагӣ ва баргузории он мусоидат хоҳад кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: