Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо кормандони ВАО ва ҳайати эҷодии нашрияҳои ҳизбӣ

Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо кормандони ВАО ва ҳайати эҷодии нашрияҳои ҳизбӣ

6-01-2025, 09:35
Хабарро хонданд: 34 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо кормандони ВАО ва ҳайати эҷодии нашрияҳои ҳизбӣ
Санаи 6 уми январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо кормандони ВАО ва ҳайати эҷодии нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” баргузор гардид.

Ҳадафи машварат баррасии сатҳу сифати рӯзномаҳои ҳизбӣ, пурзӯр намудани фаъолияти аҳли эҷод, бартараф намудани мушкилоти соҳа, ки аз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, иборат буд.

Маликшо Неъматзода муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бурду бохти нашрияҳои ҳизбӣ суханронӣ намуда иброз дошт, ки пайваста маводҳои нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” – ро мутолиа менамояд ва аз фаъолияти онҳо изҳори қаноатмандӣ менамояд. Дар ин росто қайд намуданд, ки дар давраи Интихоботи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ВАО-и ҳизбӣ бояд бо масъулияти баланди ватандорӣ ҷиҳати муаррифии номзадҳо аз ҲХДТ маводҳои тарғиботиву ташвиқотиро омода ва нашр намоянд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол буда, ба хотири ҳифзи амну субот ва ваҳдату ягонагии мардум, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири манфии беруна, маводҳои нишонрас таҳия ва пешниҳоди мардум намоянд.

Маликшо Неъматзода инчунин пешниҳод намуданд, ки сармуҳаррири Нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” оид ба ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуривии “Мақолаи беҳтарин” ва “Шеъри беҳтарин” дар васфи дастовардҳои назарраси кишвар, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии Роғун чораандешӣ намоянд.

Сипас, бо ҳайати кормандони нашрияҳо суҳбати озод, оид ба бартараф намудани мушкилоти соҳа баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохурӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода кормандони Нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе “Мароми пойтахт”-ро ба санаи таъсисёбии рӯзнома муборакбод намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: