Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НАҚШИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР МУСОИДАТ БА РУШДИ УСТУВОРИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

НАҚШИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР МУСОИДАТ БА РУШДИ УСТУВОРИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

2-05-2025, 09:00
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР МУСОИДАТ БА РУШДИ УСТУВОРИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
Соли 2025 Ҷумҳурии Мардумии Чин раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад. Раёсати Чин таҳти таҳти шиори “Ривоҷ додани “руҳияи Шанхай”: СҲШ дар амал” ҷараён дорад. Илова бар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки баргузории он нимаи дуюми соли равон дар нақша аст, боз ҷониби Чин тасмим гирифтааст, ки зиёда аз 40 машварат ва ҷаласа ҳамчунин, чорабиниҳоро бахшида ба мавзуъҳои мухталиф, ки марбут ба рӯзномаи корӣ аст, доир намояд. Аз ҷумла Форуми ҳизбҳои сиёсӣ, Форум оид ба барҳам додани камбизоатӣ ва рушди устувор, Форуми дӯстии миёни халқҳо ва бародаршаҳрҳо, Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ-сармоягузорӣ-ЭКСПО ва дигар ҳамоишҳо таҳти унвони Созмони ҳамкории Шанхай.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 3-4-уми июли соли 2024 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид, пешниҳод кард, ки форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай доир карда шавад ва ҳамзамон, аз аъзои Созмони ҳамкории Шанхай даъват ба амал овард, ки дар самти идораи давлатӣ табодули таҷриба роҳандозӣ гардида, форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои аъзои созмон доир карда шавад.
Си Ҷинпин изҳор дошта буд: “Пешниҳод менамоям, ки табодули таҷриба дар бахши идораи давлатӣ фаъол гардонда шавад ва сари вақт форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай доир карда шавад”.
Аз рӯйи суханони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин “муҳим аст, ки таҷдиди низоми идора дар Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ гардида, раванди фаъолияти созмон ба хотири баланд бардоштани фаъолнокии он такмил дода шавад”. Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин ҳамчунин таъкид дошт, ки кишвараш омодааст майдонҳои фаррохро барои чунин муколама миёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ихтиёр гузорад, то ки сулҳ ва ризоиятро дар саросари ҷаҳон таъмин намояд.
Рӯзҳои 23-24-уми апрел дар шаҳри Урумчи, воқеъ дар шимолу ѓарби Чин Форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Ҳамоиш дар маркази маъмурии ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйѓур зиёда аз 200 намояндаи 65 иттиҳодияҳои сиёсиро аз 26 кишвар, аз ҷумла давлатҳои нозир ва шарикон оид ба муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳам овард.
Тибқи даъвати ҷониби Чин, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок карданд.
Дар рӯзи якуми сафар ба Чин муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо муовини мудири шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Чжэн Чжоу мулоқот анҷом дод, ки дар ҷараёни он муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минбаъдаи гуногунҷанба бо Ҳизби коммунисти Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чжэн Чжоу дар оѓози мулоқот аз дидор бо ҳайати Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки меҳмоннавозии гарму самимии мардуми Тоҷикистон дар ҷараёни сафари ахири ӯ ба кишвари мо барояш хотирмон ва арзишманд аст.
Зимни мулоқот ирсоли Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай нишонаи таваҷҷуҳи хос ва ҷонибдории доимии роҳбарияти олии Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ гардид.НАҚШИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР МУСОИДАТ БА РУШДИ УСТУВОРИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай рӯз аз рӯз таҳким ёфта, бахусус дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Маликшо Неъматзода аз номи ҳайати Тоҷикистон ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои байниҳизбӣ ва сиёсӣ бо Чин аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ин робитаҳо манфиатдор буда, барои боз ҳам рушд додани онҳо омода мебошад.
фФоруми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Урумчи таҳти унвони “Дастгирии “руҳияи Шанхай”, мусоидат ба рушди устувори СҲШ: масъулият ва рисолати ҳизбҳои сиёсӣ” ҷараён гирифт.
Дар қисмати расмии форум суханронии шахсиятҳои баландпояи сиёсии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт.
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Лю Тсзянчао зимни суханронӣ дар маросими расмӣ аз ҷумла таъкид дошт, ки 24 соли рушди босуръати Созмони ҳамкории Шанхай ин давраи муҳимми афзоиши фаъолият ва ҳамкорӣ миёни ҳизбҳои сиёсии пешрав ва созмонҳо дар дохили Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Зикр гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз яке аз созмонҳои таъсиргузори минтақа ва ҷаҳон ба шумор рафта, қаламрави васеъ ва шумораи зиёди аҳолии сайёраро дарбар мегирад.
Лю Тзянчао дар идомаи суханронӣ пешниҳод кард, ки форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай барои густариш бахшидани доираи муошират ва алоқаҳо ба таври мунтазам гузаронида шавад.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар ҷараёни суханронӣ Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни форум манзур намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими бештари ҳамкорӣ байни ҳизбҳои сиёсии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Маликшо Неъматзода аз номи ҳайати Тоҷикистон ба намояндагони Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин барои даъват ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории сиёсӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин таваҷҷуҳи хосса доранд. Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва таҳкими бештари ин робитаҳо манфиатдор аст.
Иброз гардид, ки ирсоли Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни форум бозгӯйи таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди муносибатҳои минтақавӣ ва байниҳизбӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
-Таъмини субот ва рушди ҳамкории мутақобили судманд яке аз ҳадафҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад,-афзуд дар идомаи суханронӣ Маликшо Неъматзода.
Иштирокчиёни форум нақши ҳизбҳои сиёсиро дар мусоидат ба рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ карда, имконоти мусоидати сиёсӣ ба рушди устувор дар минтақаро ба риштаи таҳлил кашиданд.
Бояд гуфт, ки Урумчи тӯли се рӯз майдон барои форуми ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашт, ки иштирокчиёни он дар мавриди зарурати нишон додани вокуниши муштарак ба чолишҳои ҷаҳонӣ, амсоли таѓйирёбии иқлим, камбизоатӣ ва экстремизм якдилона ибрози назар карданд. Ҳадаф аз чунин ҳамкорӣ даст ёфтан ба амнияти сартосарӣ ва мусоидат ба суботи ҷаҳонии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Форум нақши калидии ҳизбҳои сиёсиро ҳамчун асосҳои демократия ва ифодакунандаи иродаи халқ дар талошҳои пешрав ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муҳим арзёбӣ кард.
Дар кори форум бештар андешаҳо дар мавриди рушди созмон ва татбиқи “Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай” садо доданд, ки таҳти раёсати Чин анҷом дода мешавад.
Таъкид шуд, ки дар заминаи чолишҳои афзояндаи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳо нақши Созмони ҳамкории Шанхай ва принсипҳои асосӣ - таъмини амният ва субот, бунёди низоми байналмилалии демократӣ, одилона ва бисёрқутбӣ танҳо афзоиш меёбад.
Нақши форум ҳамчун замина барои табодули таҷриба дар идораи давлатӣ миёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баланд арзёбӣ гардида, намояндагони ҳизбҳои сиёсиро бо ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи ояндаи Шурои сарони давлатҳои аъзои созмон, ки дар шаҳри Тянтсзини Чин доир мегардад, шинос кард.
Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ҳизбҳои сиёсиро ба вокуниши муштарак ба муқобили чолишҳои ҷаҳонӣ даъват кард. Намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои аъзои созмон изҳори омодагӣ карданд, ки ба чолишҳои ҷаҳонӣ, амсоли таѓйирёбии иқлим, камбизоатӣ ва экстремизм муштаракан вокуниш нишон дода, амнияти сартосариро ба даст оранд ва ба суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷаҳон мусоидат намоянд.
Дар форум даъват ба амал оварда шуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун асосҳои демократия ва ифодакунандаи иродаи мардум барои посух гуфтан ба чолишҳои ҷаҳонӣ бояд кӯшишу талош намоянд.
Ин ҳамоиш дар посух ба ташаббуси нишасти Созмони ҳамкории Шанхай доир карда шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Остонаи Қазоқистон пешниҳод гардида буд ва ташкили муваффақонаи он нуктаи муҳим гардид дар остонаи нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай, ки тирамоҳи соли равон дар Тянтсзин таҳти раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.
Дар ҷараёни форум ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколама нақши ҳизбҳои сиёсиро дар таҳкимбахшии робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар доираи созмон баррасӣ карданд.
Ҷаҳони муосир бо чолишҳои нави геосиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ рӯ ба рӯ гардида, Созмони ҳамкории Шанхай барои ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли муштараки ин масъала минбари баландро дар миён мегузорад. Дар баробари ин, Созмони ҳамкории Шанхай усули нави ҳамкориро пешниҳод намуд, ки ҳамбастагӣ, манфиатҳои тарафайн, фарогирӣ ва омӯзишҳои мутақобилаи миёни кишварҳоро бо низомҳои мухталифи иҷтимоӣ ва роҳҳои рушд мушаххас мекунад. Кӯшишу талошҳои созмон аллакай натиҷаҳои мусбат ба бор оварданд.
Чин лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз он ҷумла таҷдиди роҳҳои нақлиётгард ва роҳи оҳанро маблаѓгузорӣ кард, ки робитаи мутақобилаи нақлиётиро дар минтақа беҳтар карда, ба тиҷорати минтақавӣ тавсеа мебахшад.
Дар соли 2024 гардиши молу маҳсулот миёни Чин ва кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, нозирон ва шарикон оид ба муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай ба нишондиҳандаи баланди таърихӣ - ба 890 миллиард доллари ИМА расид , ки 14,4 дарсади ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар соли ҷорӣ ташкил медиҳад.
Омили калидии муваффақияти созмон принсипҳои он дониста шуд, ки дар “Руҳияи Шанхай” собит гаштааст: боварии ҳамдигарӣ, манфиати тарафайн, баробарӣ, арҷгузорӣ ба тамаддуни гуногунрангӣ ва кӯшишу талош барои рушду тавсеаи муштарак.
Гуфта шуд, ки ҷаҳон давраи таѓйиротҳои ҷиддиро аз сар гузаронида истодааст ва дар чунин замон ҳамкориҳои наздики сиёсӣ зарур аст. Неруҳои сиёсӣ бояд дар ташкили низоми ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодӣ нақши масъул дошта бошанд.
Қайд гардид, ки бунёди як низоми ҷаҳонии намоёни демократӣ ва бисёрқутбии одилона зарур аст. Ҳамкорӣ дар дохили Созмони ҳамкории Шанхай метавонад барои бунёди пойдевори нави амниятӣ дар Авруосиё сутуни асосӣ шуда метавонад. Ба туфайли талошҳои якҷоя дар дохили Созмони ҳамкории Шанхай ояндаи устувортар, босубот ва одилонаи ҳамаи халқҳо эҷод хоҳад шуд.
Дар форум зикр гардид, ки бе ширкати фаъоли ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳамаи мамлакатҳо бунёди низоми воқеан ҳам, одилонаи байналмилалӣ ва ё ба даст овардани суботи қавӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ имконнопазир аст.
Иброз гардид, ки ҳамзамон, вазъи зудтаѓйирёбандаи геосиёсӣ дар ҷаҳон ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва нақши Созмони ҳамкории Шанхай муносибати навро тақозо мекунад. Дар ин замина, ҳамчунин, дар асоси воқеиятҳои пайдошаванда замони он фаро расидааст, ки барнома ва дастури кории нави Созмони ҳамкории Шанхай тартиб дода шавад, ки тавонад ҷавобгӯйи иқтидори бузург ва нақши рӯ ба рушди Созмони ҳамкории Шанхай дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ бошад.
Дар ҷаласаи пленарии форум роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирѓизистон, Узбекистон, Беларус, Русия, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон суханронӣ намуда, зарурати тақвияти ҳамкории байниҳизбӣ, табодули таҷриба ва татбиқи усулҳои нави ҳамкориро таъкид карданд.
Роҳбарони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳошияи форум силсилаи мулоқотҳо анҷом дода, самтҳоро дар барои таҳким бахшидани ҳамкориҳо мушаххас карданд.
Дар доираи форум иштирокчиён аз Осорхонаи банақшагирии шаҳрӣ, Маркази идораи Урумчи, намоишгоҳ оид ба мубориза бар зидди терроризм, қароргоҳи ширкати ТВЕА ва Парки намоишгоҳи кишоварзии Шинҷон дидан карданд. Бахусус, тамошои Маркази идораи Урумчи, ки дар он зеҳни сунъӣ ба таври васеъ истифода карда шуда, дастгоҳҳои наворбардорӣ силоҳи сард, яроқи оташфишон ва ҷинояткори хавфнокро оҷилан метавонанд ошкор ва сабт намоянд, барои иштирокчиён бисёр ҷолиб буд.
Чунин ҳамоишҳои сатҳи баланди сиёсӣ нишон медиҳанд, ки ҳизбҳои муосир, ки азм доранд фаъолияти худро ба таври созанда ба роҳ монда, муколамаро ҳифз намоянд, акнун замоне фаро расидааст, ки муттаҳид шаванд, талошҳои худро ҳамоҳанг созанд, табодули назар ва мубодилаи таҷриба кунанд, дар муқобили таҳдидҳо канори ҳам бошанд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ басо муҳим аст, ки гуфтугӯи тамаддунҳо бештар рушду тавсеа пайдо намояд. Дар он сурат халқҳои гуногун метавонанд на танҳо аз низоъҳо канорагирӣ кунанд, ҳамчунин роҳҳои пешрафти босуръатро дарёфт намоянд.
Новобаста аз чолишҳои сершумори геосиёсӣ ва нооромӣ дар равобити байналмилалӣ, Тоҷикистон талош мекунад ба хотири рушди муштарак ва ҷустуҷӯйи созишҳо мувозинати манфиатҳоро бо мамлакатҳои зиёд нигоҳ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муносибатҳои некро бо Ҳизби коммунисти Чин қадрдонӣ мекунад. Шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба кӯшишу талошҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин асос ёфтааст.
Форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун майдони васеи муҳимми сиёсӣ барои табодули таҷриба ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои байниҳизбӣ хизмат карда метавонад.

Суҳроб РАУФЗОДА,
Душанбе-Урумчи-Ханчжоу-Душанбе

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: