Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густардатарин идҳои мардумони эронитабор, аз он ҷумла тоҷикон буда, дар тӯли таърих бо ҳамин ном ба фарҳанги халқҳои Осиё, Қафқоз ва Ховари Наздик низ гузаштааст. Тавре ки аз номи он бармеояд, маънои Наврӯз «рӯзи нав» мебошад ва онро аз сабабе, ки рӯзи аввали моҳи Фарвардини соли хуршедӣ барпо мешавад, “Иди Соли нав" низ меноманд. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманде таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Хисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ, шоҳ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд.
Мардум як-ду ҳафта қабл аз фарорасии соли нав ба ҷашн тайёрӣ мебинанд. Бачаҳо гулгардониву бойчечакхонӣ мекунанд. Занҳову духтарон курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаҳоро рӯфтаву тамиз намуда, хушбӯйӣ мезананд. Зеро хонаву дари тоза рамзи покӣ, оромӣ ва иқболи нав аст.
Дар гузашта маросими чоршанбеи охирон, ки онро «чоршанбесурӣ» низ меномиданд, дар чоршанбеи охирони сол пеш аз Наврӯз гузаронида мешуд. Дар боғчае оташ афрӯхта, хурду калон аз болояш меҷаҳиданд ва ба он муроҷиат карда, мегуфтанд: «ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман». Бо иҷрои ин амал, онҳо бовар доштанд, ки аз гуноҳҳо пок шуда, то соли оянда тандуруст ва аз офтаҳо дар амон хоҳанд буд. Ҳоло ин маросим дар баъзе ҷойҳо танҳо ба тариқи рамзӣ созмон дода мешавад.
Дар айёми ҷашни Наврӯз халқи тоҷик навъҳои мухталифи таому нӯшобаҳоро таҳия намуда, рӯи суфраи идона мениҳанд. Оростани хони Наврӯзии «ҳафт син», ки аз ҳафт табақи ашё ва неъматҳои рамзӣ иборат аст, яке аз суннати бостонӣ мебошад. Дар даврони қадим дар 7 табақ ба хотири худоёну фариштагони оини зардуштӣ ашёи рамзнок аз қабили шир, сикка, тухми мурғ, шамъ, сабза, сипанд мениҳоданд.
Дар байни мардуми тоҷик бошад, дастархони суннатии ҳафтмева маъмул буд. Ба суфраи мазкур ҳафт навъи меваи маҳаллӣ: анор, себ, нок, ангур, чормағз, бодом ва ғулинг ё зардолуи хушк гузошта мешуд. Баъзеҳо мувофиқи имконашон ба ҷойи баъзе аз инҳо меваҳои дигарро ба мисли пиставу тутмавиз ва ғайра мегузоштанд. Аз нӯшокиҳо ғулингоб хеле маъмул буд ва имрӯзҳо низ он аз нӯшокиҳои барои тандурустӣ хеле қавӣ ва судманди дастархони тоҷикон аст. Дар деҳоти водиҳои Ҳисору Зарафшон ба муносибати Соли нав аз ҳафт меваи хушк нӯшобаи «ҳафтмева» таҳия мекарданд. Дар айёми Наврӯз мардуми тоҷик бештар таомҳои хоси баҳорӣ мепазанд, ки аз гиёҳҳои тару тозаи хушмазза ва анвои ғалладона пухта мешаванд. Суманак навъе аз ҳалвои махсуси наврӯзӣ аст, ки дар айёми иди баҳор аз шираи гандуми майсазада пухта мешавад.
Оини дигаре, ки аз замонҳон хеле қадим анъана шуда омадааст, оштикунонии каҳриҳо мебошад. Маъмулан, одамони калонсол восита шуда, шахсони бо ҳам қаҳриро оштӣ мекунонанд, кинаву адоватро аз дилҳо берун менамоянд, то ки дар оғози соли нав набояд касе бо касе кина варзад.
Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гуштигирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ ва як силила бозиҳои суннатии бачагона барпо мегардад. Аммо, имрӯз аз ҳама мусобиқаи маъмултарини Наврӯз гуштигирӣ аст, ки он дар ҳамаи деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калон ташкил мешавад.
Дойр ба фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз дар фолклори тоҷик рубоиву сурудҳои зиёд оид ба Наврӯз вуҷуд доранд, ки асосан дар айёми Наврӯз суруда мешаванд. Яке аз мавзӯъҳои асосии рубоиву таронаҳои ин ҷашн муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор, сардию гармӣ, рӯшноиву торикӣ ва некию бадӣ мебошад. Мардум бо рафтани зимистону омадани баҳор ва фарорасии Наврӯзӣ оламафрӯз шодию хуррамӣ мекунанд, аз ин хотир, ҷашни Наврӯз дар таронаҳои мардумӣ бо оғози баҳор ва як навъ озодӣ айният дорад.
Наврӯз насли имрӯзро бо расму оин, арзишҳои моддию ғайримоддӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мепайвандад. Он ҳамчун як омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва васлгари халқу қавмҳои муқими Тоҷикистон ва минтақа ба шумор меравад.
Бо мақсади дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудан ва ҷашни байналмилалӣ эълон гаштан ҷашни Наврӯз аз ҷониби як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз он ҷумла, Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуд. Дар таърихи 23-юми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола, дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.
Инчунин, созмони ЮНЕСКО ҷашни Наврӯзро ҳамчун намунаи фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият сабт намудааст (2009, 2016), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомили кишварҳои пешниҳодкунанда мебо¬шад.
СУМАНАК Яке аз рамзҳои асосии ин ҷашни бошукӯҳ суманак мебошад, ки он навъе аз ҳалвои Наврӯзӣ буда, онро дар дегҳои калон аз шираи гандуми майсазада бо иловаи равғану орд мепазанд. Таҳияи гандум ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик суннати қадима дошта, бо тарзи махсус омода мешавад. Барои суманак нахуст ба миқдори муайян гандумро гирифта, шуста, 3 рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда, мемонанд. Баъд аз неш баровардан ба табақҳо гирифта, ҳар рӯз ба он кам-кам об мепошанд.
Рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи якеашон ҷамъ мешаванд. Маъмулан, онҳо бегоҳӣ ҷамъ шуда, суфраеро боз карда, майсаҳоро уғурак (охурак) андохта, мекӯбанд, то ки ширааш барояд. Дар бегоҳирӯзӣ шираи полудаи майса ва масолеҳи суманакро ба дег меандозанд. Сипас, ба таги дег оташ афрӯхта, як-як дегро бо кафча ё кафгир мекобанд. Дар дег ҳафт адад сангча ё чормағз меандозанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекунад. Занҳову духтарон дойра навохта, сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Ҳангоми кофтани дег суруди маъруфи суманакпазиро бо ҳам месароянд:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак бӯи баҳор аст,
Суманак авҷи барор аст…
Суманак вижаи фасли баҳор аст, бахусус, дар айёми Наврӯз онро тайёр мекунанд, дар фаслҳои дигар суманак намепазанд. Дар байни тоҷикон дар тӯли садсолаҳо навъҳои гуногуни суманак - атолагӣ, ҳалвоӣ, дегӣ, бирёнӣ, танурӣ ё кулча-суманак ва суманаки чанголӣ низ ба вуҷуд омадаанд.
ГУЛГАРДОНӣ
Рамзи дигари Наврӯз ин гулгардонӣ аст, ки мардуми тоҷик аз замонҳон пеш фарорасии Соли нав - Наврӯзро моҳҳо бесаброна ва бо орзуву нақшаҳои рангин интизор мешуданд ва ин ҷашнро бо ҳар гуна расму одатҳо истиқбол мекарданд. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама, бачагон бо иҷрои маросими гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ: бойчечак, сиёҳгуш ва гули зардакро чида, ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашида, ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Анъанаи гулгардонӣ бо истилоҳҳоти гуногун қариб дар байни ҳамаи тоҷикони Осиёи Марказӣ маъмул аст. Дар вилояти Хатлон гули зардак (гули баҳман)-ро чида, гулдаста баста, хона ба хона мегарданд. Дар водии Ҳисор, дар ин айём гули Наврӯзӣ мерӯяд, ки он ба гули сиёҳгуш монанд буда, рангаш зард мебошад. Дар деҳоти вилояти Суғд ва водии Зарафшон бошад, номи он гули бойчечак буда, худи маросимро «бойчечак» ё худ «бойчечакгӯй» меноманд.
Гулҳои мазкури баҳорӣ дар ҳар мавзеъ мувофиқи ша¬роити табиию муҳити ҷуғрофӣ пешу ақиб ба шукуфтан шурӯъ мекунанд, аз ин рӯ, маросими гулгардонӣ низ дар ҳар ҷо пасу пеш барпо мегардад. Дар аксарияти мавзеъҳо ин маросим дар охирҳои феврал ва аввали моҳи март фаро мерасад.
Дар гузашта, маросими гулгардониро калонсолон иҷро мекардаанд. Ҳоло танҳо бачагон ин анъанаро идома медиҳанд ва ҷанбаи эътиқодии он заиф шуда, ба як навъ бозии бачагон табдил ёфтааст.
АШАГЛОН
Ҳануз аз замонҳои қадим тоҷикон вобаста ба табиат ва ҳодисаву унсурҳон табиӣ маросимҳо ва бовару эътиқодоти гуногун доштанд. Ҳангоми эҳтиёҷот ба кору пайкорашон ягон амал ва ё маросимеро иҷро намуда, тавассути он аз Худо мадад металабиданд. Яке аз чунин маросимҳо, ки ҳангоми хушксолӣ барои дархости борон созмон медоданд, «Ашаглон» ном дорад. Маросими мазкур дар манотиқи ҷумҳурӣ бо номҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст. Масалан, дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт онро «Ашаглон», дар водии Ҳисор ва вилояти Суғд бо номҳои «Сусхотун», «Чиллахотун», «Ялконхотун» ва «Тӯйи сусхотун» меноманд.
Маросими «Ашаглон» ё «Сусхотун»-ро бо маслиҳати калонсолони деҳа занҳо иҷро мекунанд. Онҳо дар рӯзи муайян занеро дар симои пайкари «Ашаглон» омода месозанд. Ба зане либосҳои калони кампиронаро мепӯшонанд ва ӯ дастонашро болои сараш бардошта, пайкари лухтакеро таҷассум мекунад. Ба сари лухтак аз матоъ рӯймол мепӯшонанд. Сипас, дигар занон «Ашаглон»-ро иҳота намуда, бо кафкӯбиву рақс ӯро об пошида, хона ба хона мегарданд. Онҳо ҳангоми обпошӣ ва ба дари хонаҳо рафтан суруди махсуси «Ашаглон»-ро мехонанд, ки қисми аввалаш чунин аст:
Ашаглони ростина,
Як бор ҷумбон остина.
Ғaллaи савзум қоқ шудай,
Як бор брезон борона…
Доиранавозию сурудхонӣ дар миёни кӯчаву деҳаҳо бо садои баланд сурат мегирад. Аз болои боми хонаҳо ва ҳатто ҳар нафари наздикшуда ба сару рӯйи Ашаглон об мепошад. Об пошидан яке аз рамзҳои асосии маросими мазкур аст, зеро мақсади асосии ин маросим даъват ё талаби борон мебошад.
Хусусияти дигари маросими «Ашаглон» ин аст, ки ба қофилаи занҳо ва кӯдакон аз ҷониби соҳибхонаҳо анвои ғалладона - гандум, нахуд, лубиё, мош ва амсоли инҳо ҳамчун ҳадя ва садақа дода мешавад.
Ҳар як соҳибхонае, ки қофилаи «Ашаглон»-¬ро пешвоз мегирад, ҳатман бояд ба сари ӯ об пошад ва ба ҳамроҳони ӯ ба қадри имкон ган¬дум ё ягон навъи ғалла диҳад. Табиист, ки сару либоси зани нақши «Аша¬глон»-ро бозида, пурра тар меша¬вад. Дигар занҳо низ шухиомез якдигарро обпошӣ намуда, хурсандӣ мекунанд.
Баъди ба охир расидани маросим занҳо дар хонаи яке аз иштироккунандагон ҷамъ омада, аз ғалладона ва маҳсулоти ҷамънамудаашон хӯрокҳои далда (гандумкӯча) ва оши бурида мепазанд ва ба тамоми роҳгузарон ва мардуми деҳа тақсим менамоянд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз бо фарорасии баҳор кошонаҳои моро нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бигузор, ҳар яке аз мо низ мисли ин ҷашни зебову фасли эҳё афкору ният ва ҳадафҳои созанда дошта бошем.
Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!
Қурбон АҲМАДЗОД