Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чорабиниҳои идонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Чорабиниҳои идонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе

8-03-2018, 14:28
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Чорабиниҳои идонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои идонаи фарҳангиву фароғатӣ ва сайругаштҳои оммавӣ доир мегарданд.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, аз соати 9-и субҳи рӯзи 21 март дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Фирдавсӣ, боғи ба номи Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони «800-солагии Маскав» дар ноҳияи Шоҳмансур ва боғи ба номи Мироненко дар ноҳияи Сино бо иштироки устодони санъат ва дастаҳои ҳунарӣ консерту чорабиниҳои идона ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ оғоз мегарданд.

Рӯзи 22 март дар Душанбе бори нахуст таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳии Наврӯзи байналмилалӣ баргузор мешавад. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузошта, барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Рӯзи 25 март дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» намоиши пуршукӯҳи театришуда барпо мешавад. Рӯзи 26 март дар ҳамин маҷмаа мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ ва 31 март мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад.

Дар ҷашни Наврӯз обуҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ 178 ҳазору 825 сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз - аз 21 то 24 март дар «Қасри теннис»-и пойтахт барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2018» байни писарону духтарони наврас мусобиқаи теннис доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷашни Наврӯзи имсола тоҷикистониён пайиҳам 6 рӯз - аз 21 то 26 март истироҳат мекунанд.

Соли равон чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март дар шаҳри Панҷакент ва 23 март дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) баргузор мешаванд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: