Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Порае аз оинҳои Наврӯзӣ дар Бадахшон

Порае аз оинҳои Наврӯзӣ дар Бадахшон

20-03-2020, 11:29
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
Порае аз оинҳои Наврӯзӣ дар Бадахшон
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаест, ки Наврӯз дар он ҷо бо тамоми суннатҳо ва оинҳояш таҷлил мешавад. Наврӯзи Бадахшон бо маросим ва оинҳои вижае ҳамроҳ аст, ки ҳазорон сол дастнахӯрда боқӣ мондаанд. Дар аксари маҳалҳои кӯҳистони Бадахшон ҷашни Наврӯзро бо ҳамин таъбир ёд карда, дар гузаштаи начандон дур он вобаста ба тақвими маҳаллӣ (ҳисоб аз рӯйи узвҳои одам, ҳаракати сайёраҳо, тулӯъ ва ғуруби офоб) дар се давр ҷашн гирифта мешуд. Ҳар яке аз ин давраҳо, пеш аз ҳама, муносибати мардумро ба замин, ба корҳои деҳқонӣ бозгӯй мекарданд. Дар бораи урфу одат ва ҷашну маросимҳои мардуми ВМКБ, хосатан, Наврӯзи Бадахшон мардумшинос профессор Нисор Шакармамадов таҳқиқи густурдае анҷом додаст, ки нигоштаҳои ӯ сарчашмаи хеле мӯътамад ва арзишманде дар ин ҷода маҳсуб мешаванд. Номбурда дар китоби худ «Наврӯз дар Бадахшон» овардааст : «Ибтидои ҷашни Наврӯз, ки дар забонҳои гурӯҳи шуғнонию рӯшонӣ ва бартангӣ истилоҳи «Хирпичор» ё «Хорпачор» (аз рӯи тақвими мардумии «Ҳисоб дар мард») ёд мешавад, дар охири моҳи январ, дар охири чиллаи калони фасли сармо баргузор мегардид. Ин рӯзро мардум бо хотири пайки баҳор – берун омадани «тафи замин» қайд мекарданд. Ин оини суннатӣ ба яке аз ҷашнҳои мубораки мардуми ориёитабор – ҷашни Сада робитаи бевосита дошт. Баъди се ҳафта даври дувуми тақвимӣҷашн гирифта мешуд, ки онро Рӯшону Бартанг бо номи таоми маросимӣ Батайём ва Боҷайём ва дар Шуғнону Роштқалъа бо номи Хирчизӯн (офтоб сари зону) низ ёд мекунанд. Дар қисме аз навоҳии кӯҳистони Бадахшон Батайём ё Хирчизӯн аз ҷашнҳои асосии наврӯзӣ буда, ҷашнгирии он се рӯз идома доштааст. Ин ид ба давре рост меояд, ки дар водиҳо «файзи баҳор» – боридани борон сар мешуд. Аз ин ба баъд, мардум ба рӯфтани барфи рӯйи бомҳо сар мекарданд, поку тоза кардани тухмиҳои ғалладона, тармим кардану сохтани юғу сипору позаи он, аз оғилхонаҳо ба сари замини кишт кашонидани пору, барои шудгор омода кардани барзговҳо бо тамоми ҷидият сар мешавад. Ҳатто дар баъзе деҳоти болооби Бартанг ҳанӯз расме барқарор аст, ки тибқи он дар шаби авали Боҷайём, ҳангоми пухтани ин таоми наврӯзӣ юғу сипорчаҳо сохта, дар рӯбарӯйи дари даромади хонаи аҷдодӣ, дар қабати поинии чорхона ё дар мобайни тирчӯби дувум меовехтанд. Даври севуми ҷашн, ба фаро расидани моҳи Ҳамал, дар бисёре аз минтақаҳои ин вилоят ба саршавии кишти зироат рост меояд, ки онро дар Шуғнону Роштқалъа «Хидирайём» меноманд. Дар робита ба ҷашни асосии Навӯз дар баъзе маҳалҳои Шуғнону Рӯшон «раждед» (айнан: пал кашидан), «хиҷзивест» (ҷуфтбаророн), дар Вахон «тухмнэсвак» (тухмбаророн) ва дар навоҳии дигар ҷуфтбаророн ид карда мешавад».
Орзуву омоли мардуми Бадахшон на танҳо шифоҳӣ бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму оинҳо ва инчунин, дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросиме, ки ба истиқболи Наврӯз анҷом дода мешавад, моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.
Аловпарӣ ё балогардон

Аловпарӣ ё ба забони мардуми баъзе аз маҳалҳои мардуми Бадахшон –балогардон яке аз анъанаҳои пешазнаврӯзӣаст, ки одатан дар рӯзи чоршанбе баргузор мегардад. Дар деҳаҳои водии Бартанг дар рӯзе, ки маросими балогардон барпо мешавад, хонавода гирди оташ ҷамъ омада, ҳар як нафар бо навбат аз болои он мепарад ва риштае аз либосашонро гирифта, дар оташ меандозанд. Паридан аз боли шӯълаҳои оташ аз тарафи ҳар як шахс се маротиба анҷом дода мешавад. Мардум мегӯянд, ки ин анъанаро бобокалонҳояшон бо мақсади рафъ кардани бало, дур гаштан аз мушкилот ва бо покиву хубӣ пешвоз гирифтан аз Наврӯз анҷом медодаанд. Бинобар ин, он то имрӯз ҳамчун анъанаи поккорӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст. Бо иҷрои чунин амалҳо мардум бар он боваранд, ки оташ низ мисли об яке аз унсурҳои несткунандаи ифлосиҳо ва бахшояндаи неру ва покизагӣ аст.
Видирмвӯст ва хонатакконӣ

Маросими дигаре, ки то расидани Наврӯз иҷрои ҳатмиро талаб мекунад, ин «видирмвуст» (дар рушониву шуғнонӣ видирмвист) мебошад.«Видирмвуст»дар новоҳии Бадахшон, бастани ҷорӯб шурӯъ мешавад. Мардум аз навдаҳои дарахт ё алафҳои махсус, ки ба забони маҳаллӣ «видирм» мегӯянд, ҷорубомода карда, ба тоза кардани хонаҳояшон машғул мешаванд. Ҷому бори хонаро ба берун мебароранд ва тоза кардани хона аз шустани чорхона (қисмате аз хонаи Помирӣ) оғоз мегардад. Занони хонавода, якҷо шуда дар тозаву омода кардани хона ба пешвози ҷашни Наврӯз ба ҳамдигар кумак мекунанд. Сақфи хона, 5 сутун, хуллосаҳамаи қисматҳои хонаи Помирӣ бояд шуста ва пок карда шаванд. Ҷиҳози хонаро шуста, баъд аз он дарун дароварда мешаванд. Хуллас эътиқод ин аст, ки Наврӯз аз равзана вориди ҳар хона мешавад ва роҳаш бояд тамиз ва пок бошад. «Хонаробароионтозамекунем, киСолинавмедарояд. ДарСолинавзиндагиинавоғозмешавад»,- мӯътақиданд мардуми ин сарзамин.
«Кило ғуз-ғуз» ё гирифтани идӣ дар Бадахшон

«Килоғуз-ғуз»яке аз анъанаҳои гирифтани идӣ дар Наврӯз миёни мардум маъмул аст. Кӯдакону наврасон ва баъзан калонсолон ҳам рӯймолро гирифта ба ҳам мебанданд ва ба хонаи ҳамдигар рафта, ба болои бом мебароянд ва аз равзана (рузм) онро ба поён, яъне даруни хона меандозанд.
Мувофиқи гуфтаҳои калонсолон дар гузашта идигирҳо аз пӯсти холишудаи каду барои ин суннат истифода мекардаанд, вале ҳоло рӯсарӣ (рӯймол) ба даст ба бом мебароянд ва идӣ мегиранд. Худи номи «кило ғуз-ғуз» низ аз ҳамон ҷо, яъне кило аз забони маҳаллӣ- каду ва ғуз- чормағз ё умуман мағзу чағз дар назар дошта шудааст.
Хӯрокҳои наврӯзӣ
Порае аз оинҳои Наврӯзӣ дар Бадахшон
Оши бурида, умоч, гандумбирён, хӯрокҳои ширӣ, бат, боҷ, кӯча аз ғизоҳои маъмултарини наврӯзӣ дар Бадахшонҳастанд. Дар оғози мавсими кишту кор, оши бурида ё ҳамон оши ришта аз орди нахуд, ки бояд дар ҳавои сард барои деҳқонон ғизои муқавӣ бошад, таҳия мешавад.
Хӯроки дигаре, ки дар Наврӯз омода мешавад, нушхухпаномдорадваоназзардолуихушкваордтайёркардамешавад. Аммохӯрокиаслиинаврӯзӣбоҷаст, кионроазкаллаюпочаигӯсфандвакуфтаигандумомодамекунанд.Гандумбирён низ аз ғизоҳои ҷашнӣ мебошад, ки рамзи фаровонӣ ва серҳосил омадани солро ифода мекунад. Мардуми водии Бартанг гандумбирёнро дар рӯзи таҷлили Наврӯз омода карда, ба кӯдаконе, ки идгардак мераванд бо иловаи дигар туҳфаҳо тақсим мекунад. Аммо бояд гуфт, ки хӯрокҳое ба монанди шогунбат, боҷ, гандумбирён, коче навъи хӯрокҳое ҳастанд, ки ифодагари рамзу эътиқоди махсус ҳастанд ва онҳоро мардум дар алоҳидагӣ пеш аз як ду рӯз аз омадани Наврӯз омода мекунанд.
Шогун баҳор муборак!

МардумиБадахшони оғоз аз моҳи аввали баҳор дар баъзе ҷойҳо пеш аз он (дар давраи Боҷайём) баҳамдигар –«Шогунбаҳормуборак!»вадар ҷавоб-«БарӯиШумомуборак!»мегӯянд.Наврӯз дар зиндагии мардуми Бадахшон ҷойгоҳи хосе дорад. Ба ин далел, онро «Хидирайём», яънеҶашнибузург ё ҷашни бобоёнҳамменоманд. Бинобар ин, мардум дар ин минтақаи кишвар фаро расидани Наврӯзро ба таври хос ба ҳам табрик мекунанд. Шогун ба маънии фоли нек аст ва он ба орзуи ин ки соли оянда соли фаровонӣ бошад ва ранги сапеди орд ҳам соле ором ба армуғон оварад, ба дӯши меҳмонон ва аъзои хонавода ва дару девори хона орд мепошанд.Орд ба маънии сафедӣ, хушӣ ва осоиш аст. Шохаи сабзи бед, ки ба ҳангоми шодбоши Наврӯз ва вуруд ба хона бо худ доранд, фаро расидани баҳор ва сарсабзиро навид медиҳад.
Хонагаштак

Дар шабу рӯзи Наврӯз маросиме баргузор мешавад ба номи «Хонагаштак», кидаронрақсуовозхонӣмекунанд. Садои дафу суру два рақсу бозӣҳамнишонаҳои ҳамешагии оинҳои Наврӯзии бадахшониҳост ва навиддиҳандаи худоҳофизӣ бо фасли сармо ва пешвози баҳори нозанин бо ҷани бузурги Наврӯз аст. Баъд аз пок ва тамиз кардани хона,маросиме баргузор мешавад, «хонагаштак»ё "хонагахтак" ном дорад. Аҳли чанд хонавода, ки дар ҳамсоягии ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, дар хонаи як нафар гирдиҳам меоянд ва пас аз хӯрдани ғизо рақсу овозхонӣ ва шодию хурсандӣ мекунанд. Рӯзи дигар чунин маросим дар хонаи нафари дигаре баргузор мешавад ва ҳамин тавр, истиқбол аз Наврӯз чанд рӯз идома меёбад.
Мувофиқи ҳисоби маҳаллӣ, чунон ки профессор Нисор Шакармамадов низ дар китобаш овардааст, вақтеофтобдаврмехӯрадвавобастабафаслҳоисолтулӯъвағурубмекунад, азнохунипототорисарродарбармегирадвабарасосионНаврӯздардилростмеояд.
Носозгориҳои рӯзгор дар ин диёри куҳанбунёд ҳеҷ гоҳ натавониста Наврӯзро заррае аз қалби ин мардум дур кунад.Мардуми Бадахшон ҳазорҳо сол аст мисли кӯҳҳои атрофашон қад барафрошта ва суннатҳои наврӯзиро дар дили худ нигаҳдорӣ мекунанд. Мардуми Бадахшон кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи ин минтақаро чун сипаре табиӣ медонанд, ки қарнҳост фарҳанг ва забонашонро аз газанди таҳоҷуми фарҳангҳои бегона ҳифз кардааст, аз ҷумла расму оинҳои Наврӯзии онҳоро, ки гуйӣҳазорҳо сол аст ранги тағйир надидаанд.
Гулҳаёи Мадимар

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: