Ҷашн гирифтани Иди Модарон имрӯз қариб дар тамоми дунё ба ҳукми анъана даромадааст ва яке аз идҳои бошукӯҳ нисбат ба занону модарон дониста мешавад. Соли 1977 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 8-уми март ҳамчун рӯзи баробарҳуқуқии марду зан эълон гардид.
Анъаноти пешвозгирии Иди Модарон барои мо, мардони давр, чунон мазмуни баланде ато кардааст, ки гӯё он ҷашни мо мардон ҳам бошад. Дар ин рӯз ба занон аз ҷониби мардон таманниёт ва туҳфаҳои гуногун тақдим карда мешавад.
Дар гузашта онро ҳамчун Рӯзи озодии занон медонистанд ва он таърихи тӯлонӣ дорад, аммо на ҳама мардон таърихи пайдоиши ин ҷашнвораро медонанд ва нисбат ба он маълумот доранд. Дар ин боб чунин фарзияҳо вуҷуд дорад.
Фарзияи якум
Мувофиқи нишондоди маъхазҳои таърихӣ 8-уми марти соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорк бофандазанҳо бо гузаронидани «марши табақҳои холӣ» аз бад будани ҳолати корӣ ва кам будани маош нисбат ба ҳукуматдорон эътироз баён карда буданд. Одатан, он давраҳо дар рӯзи истироҳат эътироз ва ҷамъомадҳо барпо намегардиданд, яъне ҳамагон истироҳат мекарданд, аммо тааҷҷубовараш он буд, ки норизоии занон дар рӯзи истироҳат баргузор шуд ва дар бораи ин дар рӯзнома ва маҷаллаҳо мақолае нашр нашуд.
Дар ҷои дигар таърихи пайдоиши ҷашни занонро ба 8-уми марти соли 1910 марбут медонанд. Дар форуми занон дар Копенгаген сиёсатмадори олмонӣ Клара Сеткин ба тамоми ҷаҳониён муроҷиат намуд, ки 8-ми мартро рӯзи озодии занон эълон намоянд, то дар ин рӯз онҳо тавонанд аз ҳуқуқу манзалатҳои худ дифоъ намуда, норозигии худро нисбат ба мушкилоти пешомадаашон баён намоянд. Танҳо баъди як даҳсола 8-уми марти соли 1921 хамчун иди занон эълон гардид.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар занон дар санаи 8-ми март даст ба эътироз, норизоӣ, корпартоӣ ва раҳпаймоӣ зада бошанд, пас чаро он ба иди байналмилалии занон табдил ёфт? Пеш аз ҳама инро ба сиёсати даврони шӯравӣ мутааллик медонанд. Ҳанӯз дар солҳои сиюм дар давлати Шӯравӣ шуъбаҳои занони роҳбар амал мекарданд ва ба ин шуъбаҳо И. В. Сталин назари хоса дошт.
Оҳиста- оҳиста манзалати зан ва модар бо мурури замон баланд шудан гирифт. Ҳатто дар давраи роҳбарии Л.И. Брежнев (1966) 8-уми март ҳамчун рӯзи истироҳат эълон шуда буд.
Фарзияи дуюм
Нисбат ба ин ин фарзия таърихшиносон мегӯянд, ки сиёсатмадори олмонӣ Клара Сеткин аз оилаи яҳудитабор буд. Клара мехост, ки таърихи ин ҷашнвораро мутааллиқ ба таърихи зиндагиномаи мардуми яҳудиҳо намояд ва онро ба иди яҳудиён-Пурим вобаста медонанд.
Пурим чӣ ҷашне буд? Мувофиқи ривояти мардуми яҳудитабор, яке аз шоҳони форс Ҳашёршоҳ, дилдодаи маликаи яҳудӣ Есфир буд. Ӯ аз иддае мардуми яҳуд озурдахотирӣ дошт ва мехост ин мардумро нест кунад, аммо малика Есфир ӯро ба он водор сохт, ки набояд мардуми яҳудро нест кунад, балки душманони онҳоро ба ҷуз форсҳо бояд ба қатл расонад. Ин рӯз дар тақвими яҳудиҳо «13-Арда» ҳаст, ки ба охири моҳи феврал ва аввали моҳи март рост меояд. Баъди ин иди Пурим ҳамчун рамзи сулҳу осоиш таи ҳар сол аз ҷониби мардуми яҳуд ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ, интихоби Клара дар соли 1910 ба 8-уми март рост омадааст.
Фарзияи сеюм
Соли 1857 гурӯҳе аз «бандарзанон» барои баланд бардоштани маоши шавҳар ва маъшуқҳои баҳрнавардашон дар Ню-Йорк намоиши эътирозӣ баргузор карданд ва ин эътирози баргузоршуда ба 8-уми март рост омада буд. Ин эътирозотро низ ба таърихи пайдоиши иди занон мансуб медонанд.
Мувофики андешаи Клара Сеткин ва дугонааш Роза Люксембург рақами 8 ба қаду қомати зан хеле шабоҳат дорад ва аз ин рӯ дар ин ҷашнвора рақами мазкурро интихоб намудаанд.
Дар кишвари мо 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн мегиранд. Чунин унвон гирифтани ҷашни занон аз бузургӣ, назокат, нафосат ва манзалати баланд Зан-Модар дарак дода, аз соҳиби шаҳодат медиҳад.
Тағоймурод Орифӣ