
Дар шаҳри Кунмини музофоти Юннани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҳамкории ВАО “Як камарбанд, як роҳ”-2025 доир гардид. Дар ин ҳамоиш роҳбарон ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма аз 87 кишвари ҷаҳон, ҳамчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.
Форуми ҳамкории ВАО аз ҷониби идораи рӯзномаи “Жэнмин Жибао” дар якҷоягӣ бо кумитаи Ҳизби коммунисти Чин дар музофоти Юннан ва ҳукумати мардумии музофоти Юннан таҳти унвони “Масъулияти муштараки ВАО дар пешбурди омӯзиши мутақобилаи миёни тамаддунҳо” роҳандозӣ шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии сатҳи баланд рушди ҳамкориҳои васоити ахбори омма ва ба роҳ мондани робитаҳои мутақобилан судманд миёни расонаҳо буд.
Форум таҳти шиори "Масъулияти муштараки ВАО ва мусоидат ба омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо" сурат гирифта, барномаи асосии он аз маросими ифтитоҳ, форуми асосӣ, муколамаи ҳамкорӣ ва якчанд машѓулиятҳои мавзуӣ иборат буд.
Бояд зикр намуд, ки дар тӯли 11 соли таъсисёбии худ ин Форум ба майдони васеи муколама ва муоширати миёни сиёсатмадорон, мутахассисони васоити ахбори омма, соҳибкорон ва олимон табдил ёфтааст.
Имсол Форум ба табодули таҷриба ва омӯзиши ҳамдигарӣ бахшида шуд. Дар ҷараёни чандин ҷаласаҳо иштирокчиён нақши ВАО-ро дар шароити таѓйирёбандаи байналмилалӣ, имкониятҳои ВАО ва мушкилотҳо дар даврони зеҳни сунъӣ, ҳамкории минтақавӣ ва коммуникатсияи ҷаҳонӣ, инчунин, дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ ва муҳокима карданд. Ѓайр аз ин, маросими супоридани Ҷоизаи дуюми байналмилалӣ дар бахши коммуникатсияи “Роҳи абрешим” баргузор гашт.
Форумро муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжен Тзсянбао ифтитоҳ бахшида, зимни суханронӣ аҳаммияти онро барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои дӯстии миёни халқҳое, ки дар доираи Роҳи бузурги абрешим манфиатҳои муштарак доранд, махсус таъкид намуд.
Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Чин дар музофоти Юннан Ван Нин низ дар назди ширкаткунандагони ҳамоиш суханронӣ карда, аз ҷумла иброз намуд, ки ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ба таҳкимёбии ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои миёни минтақаҳои гуногун мусоидат мекунад.
Иштирокчиёни дигари Форум, ҳамчунин, муҳим будани инъикоси дастовардҳо, зарурати тамаркузи неруи мусбиро барои ҳамкорӣ ва ба даст овардани манфиатҳои тарафайн таъкид карданд. Аз ҷумла президент ва сардабири рӯзномаи “Жэнмин жибао” Юй Шаолян қайд кард, ки ВАО барои таҳкими боварӣ миёни кишварҳо ва халқҳо масъул мебошанд. Ӯ баргузории ин Форумро барои рушди бисёрқутбӣ, беҳбуд бахшидани табодули гуманитарӣ ва дӯстии миёни халқҳо майдони муҳим хонд.
Юй Шаолян зарурати баррасии масъалаҳои муҳимтарин, ки манфиатҳои кишварҳои Ҷануби ҷаҳонӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ, дастгирии рушд ва устувории муколамаро миёни халқҳо дарбар мегиранд, махсус таъкид кард.
Муовини мудири шуъбаи таблиѓоти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Ван Ган аснои суханронӣ гуфт: “Мо бояд барои наздикшавии халқҳоямон ва дастовардҳои умумӣ барои манфиати халқҳои Роҳи абрешим қарореро таҳия намоем”. Барои ин, ба андешаи ӯ, робитаҳои наздиктари миёни ВАО дар инъикоси лоиҳаҳои муштарак мусоидат хоҳанд кард.
Созмондиҳандагони Форум дар андешаронии хеш таваҷҷуҳи асосиро ба муҳиммияти лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷрибаҳо, ки барои ҳамаи иштирокчиён манфиатбахшанд, ҷалб намуданд.
Баъдан дар маросими ифтитоҳ рӯнамоии наворҳои таърихии марбут ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ва намоиши бадеӣ, ки гуногунии фарҳанги иштирокчиёнро дар худ таҷассум мекард, доир шуд. Иштирокчиёни Форум таъкид карданд, аз он замоне, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ташаббуси бунёди муштараки “Як камарбанд, як роҳ”-ро дар соли 2013 пешниҳод карданд, ин лоиҳа натиҷаҳои самарабахш ба бор оварда, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ пайдо намуд ва ба платформаи ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфт.
Хотиррасон мешавем, ки чанде пеш Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар доираи ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” дар шаҳри Тянҷин бо ташаббус оид ба идоракунии ҷаҳонӣ “барои бунёди низоми нисбатан одилона ва баробарҳуқуқи идоракунии ҷаҳонӣ” баромад кард. Бояд гуфт, ки ин ташаббус, ҳамчунин, имкониятҳои нав ва нисбатан васеътареро барои бунёди муштарак ва баландсифати “Як камарбанд”, як роҳ” боз намуд.
Дар Форум асосан мубоҳисаҳо атрофи рушди минбаъдаи платформаи нодири ҳамкориҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, ки 12 сол қабл Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод карда буд, сурат гирифта, дар қатори мавзуъҳои муҳимми ҷаласаҳои омӯзишӣ “Нақши ВАО дар чашмандози таѓйирёбандаи байналмилалӣ” ва “Имкониятҳо ва мушкилот дар ВАО дар даврони зеҳни сунъӣ” низ баррасӣ шуданд.
Ба андешаи иштирокчиёни Форум, ВАО барои таҳкими боварӣ миёни кишварҳо ва халқҳо масъул мебошанд. Зикр гардид, ки васоити ахбори оммаи ҳамаи кишварҳо бояд минбаъд ҳам ҳамкориҳоро тақвият бахшида, руҳияи Роҳи абрешимро тарѓиб намоянд ва онро рушд диҳанд, инчунин, консепсияи тамаддун, ки ба баробарӣ, омӯзиши мутақобила, муколама ва фарогирӣ асос ёфтааст, ба таври фаъол интишор кунанд.
Гуфта шуд, ки васоити ахбори оммаро зарур аст дастовардҳоро дар самти рушд ба таври муассир тарѓиб намуда, инъикоси муфассали таҷрибаи дурахшони бунёди муштараки “Як камарбанд, як роҳ”-ро идома диҳанд ва таваҷҷуҳи бештарро ба ҳамкорӣ ва дастовардҳои дуҷониба равона намоянд.
Иброз гардид, ки васоити ахбори омма дар раванди омӯзиши мутақобилаи миёни тамаддунҳо бояд фаъолона ширкат карда, онро тарѓиб намоянд ва маводи иттилоотии сифатнокро баҳри ҳамдигарфаҳмӣ, аз миён бардоштани монеаҳо ва устувории неруҳои ҷамъиятӣ истифода намоянд, то ки замина ҷиҳати бунёди ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният нисбатан устувор бошад.
Дар доираи ин ҳамоиш Муколама оид ба ҳамкории ВАО “Як камарбанд, як роҳ”, маросими супоридани Ҷоизаи дуюми “Роҳи абрешим” оид ба коммуникатсияи байналмилалӣ ва машѓулияти омӯзишӣ оид ба ВАО миёни Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Чин, Япония ва Ҷумҳурии Корея (10+3) доир гашт.
Баъд аз анҷоми Форум намояндагони васоити ахбори оммаи Чин ва кишварҳои хориҷӣ ба Юннан ва дигар музофотҳо, ноҳияҳои худмухтор ва шаҳрҳои тобеи марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карда, гузоришҳои муштарак омода карданд.
Форуми ҳамкории ВАО “Як камарбанд, як роҳ” аз замони таъсисёбии худ дар соли 2014 маротибаи нуҳум аст, ки бомуваффақият баргузор гардида, зиёда аз 1000 намояндагони ВАО-и хориҷӣ аз беш аз 100 кишвар ва минтақа, ҳамчунин коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба хотири муттаҳид сохтани неруҳои хеш ҷиҳати мусоидат дар рушди сифатноки бунёди муштараки “Як камарбанд, як роҳ” дар кори Форум ширкат карданд.
Форум ду рӯз идома ёфта, баъдан машѓулиятҳои омӯзишии ҳафтрӯза барои намояндагони ВАО дар Чин баргузор шуд.
Баргузории ин чорабиниҳо аҳаммияти лоиҳаи ҷаҳонии “Як камарбанд, як роҳ”ва таъсири онро ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бори дигар нишон дод.
Суҳроб РАУФЗОДА