Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РОҲИ АБРЕШИМ ВА РАСОНАҲО

РОҲИ АБРЕШИМ ВА РАСОНАҲО

5-06-2025, 14:00
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
РОҲИ АБРЕШИМ ВА РАСОНАҲО
Форуми васоити ахбори омма таҳти унвони “Осиёи Марказӣ-Чин”-2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сиёсатмадорон, соҳибкорон, олимон, таҳлилгарон ва роҳбарони васоити ахбори оммаро аз Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон гирди ҳам овард.
Ёдрас мешавем, ки форум дар арафаи саммити дуюми “Чин-Осиёи Марказӣ”, ки соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад, баргузор шуд.
Ин ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони “Роҳи абрешим васоити ахбори оммаро муттаҳид мекунад: ба ҷомеаи наздиктари сарнавишти ягонаи Чин ва Осиёи Марказӣ” ҷараён гирифта, он аз ҷониби нашрияи марказии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин - рӯзномаи “Жэнмин жибао” роҳандозӣ гардид.
Яке аз рӯйдодҳои калидии ин ҳамоиш рӯнамоии шабакаи фаромиллии иттилоотӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” буд.
Дар маросими ифтитоҳи форум нахуст паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қироат карда шуд.
Иброз гардид, ки ҳамкориҳои мутақобила дар бахши васоити ахбори омма ба як бахши муҳимми ҳамкориҳои минтақавӣ табдил ёфта, сиёсати иттилоотӣ дар робита ба чолишҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ аҳаммияти бағоят муҳим дорад.
Расонаҳо ҷиҳати ба миён овардани фазои боварӣ, тарғиби ғояи ҳамзистии осоишта ва устувории суботи минтақавӣ нақши калидӣ дошта, ба муҳимтарин василаи ташвиқи ғояи дастгирии тарафайн ва ягонагӣ мубаддал гаштааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсоягони неки Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, дар роҳи тараққиёти умумӣ ва шукуфоӣ шарикони асосӣ маҳсуб мешаванд.
Осиёи Марказӣ ва Чин дар тӯли таърих аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ ба ҳам пайвастагӣ дошта, дӯстии миёни халқҳои мо асрҳо боз идома дорад ва он сарфи назар аз дурии масофа мустаҳкам ва пойдор боқӣ мемонад.
Моҳи январи соли 2022 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар видео-саммит бахшида ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ нахустин бор андешаи “эҷоди ҷомеаи наздиктари сарнавишти ягонаи Осиёи Марказӣ ва Чин”-ро пешниҳод карда буд.
Роҳи қадимаи абрешим риштае гашт, ки Осиёи Марказӣ ва Чинро наздиктар пайваст. Нигоҳ ба гузашта нишон медиҳад, ки андешаи эҷоди ҷомеаи сарнавишти ягона ин талоши умумии халқҳои мо ва посухи дӯстии бисёрасраи Роҳи абрешим аст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ба ҳисоб рафта, марҳилаҳои таърихии ба ҳам шабеҳ бо ҳадафҳои умумии рушд ва талошҳои ба ҳам монандро барои эҳё аз сар гузаронидаанд. РОҲИ АБРЕШИМ ВА РАСОНАҲО
Тавре муовини мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Ху Хэпин зимни суханронӣ дар форум изҳор дошт, бе эҳтироми ҳамдигар муносибатҳои қавӣ ва устуворро ба роҳ мондан ғайриимкон аст ва барои ин имкониятҳои васоити ахбори оммаро ҳамчун василаи роҳандозии робитаҳои мустаҳкам рушд бахшидан зарур аст. Он метавонад ҳалқҳоро ба ҳам наздик гардонад, монеаҳо ва нофаҳмиҳоро бартараф намояд ва манфиатҳои умумиро ҳатто дар шароити ноустувори ҷаҳони имрӯза ҳимоя кунад.
Дар форум дар хусуси саргаҳи таърихии ҳамкориҳо андешаронӣ сурат гирифта, қайд гардид, ки Роҳи бузурги абрешим, ки аз ҳудуди кишварҳои мо мегузашт, на танҳо роҳи тиҷорат, балки ҳамчунин, шоҳроҳи табодули тамаддунҳо буд. Ин рисолати таърихиро васоити ахбори оммаи муосир идома дода, ҳамзамон, робитаҳои фарҳангиро миёни халқҳо ташаккул медиҳад.
Муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Жэнмин жибао” Фан Тсзяншан зимни суханронӣ дар ҳамоиш иброз дошт, ки “Аз пешниҳоди ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин - “Бунёди муштараки ҷомеаи сарнавишти ягонаи Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси кумакҳои мутақобила ва дастгирӣ, рушди муштарак, амнияти сартосарӣ ва дӯстии бисёрасра”, ки дар нишасти “Осиёи Марказӣ-Чин” садо дода буд, ду сол сипарӣ гашт. Иштирок дар ин форум аҳаммияти фавқулода муҳим дорад”. Дар ин ҳамоиш ширкаткунандагон нақши расонаҳоро дар ҳамкории амалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин таҳти унвони “Роҳи абрешим ВАО-ро муттаҳид мекунад: ба хотири ҷомеаи наздиктари сарнавишти ягонаи Осиёи Марказӣ ва Чин” муҳокима ва баррасӣ карданд.
Дар форум табодули амиқи андеша сурат гирифта, имкониятҳои таъсиси роҳҳои васеъшаклӣ, бисёрсамтӣ ва устувори ҳамкорӣ, роҳандозии ҳамкории мутақобилаи ВАО дар сатҳи нав ва ворид кардани пешниҳодот оид ба минбаъд боз ҳам наздиктар шудани кишварҳои минтақа ва таҳким бахшидани ҷомеаи тақдири ягона баррасӣ гардид.
- Робитаҳои Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ решаҳои амиқи таърихӣ доранд,- иброз дошт дар идомаи суханронӣ Фан Тсзяншан ва хотиррасон намуд, ки Роҳи қадимаи абрешим ҳамон риштае буд, ки сарнавишти халқҳоро сахт ба ҳам пайваста буд.
“Дӯсти ҳақиқӣ - ганҷ аст, дар ҳар куҷое, ки набошад”,-идома дод ӯ ва афзуд, ки ҳамкории ВАО бояд бар асоси ҳақиқатгароӣ, воқеъбинӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ба роҳ монда шавад.
- Форуми мазкур нуктаи оғози нав аст барои вусъат додани ҳамкориҳои амалӣ ва рӯзномаи “Жэнмин жибао” омодааст бо васоити ахбори оммаи минтақа паҳлу ба паҳлу истода, фаъолият намояд ва ҳамзамон, барои табодул ва роҳандозии якҷояи иқдомҳои шарикон фазои мусоидро фароҳам созад,- гуфт дар хотимаи суханронӣ Фан Тсзяншан.
Иштирокчиёни дигари форум таъкид доштанд, ки ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод шудааст, аҳаммияти бағоят муҳим дошта, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати платформаи ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ҷонибдории васеъ пайдо кардааст.
Гуфта шуд, ки ин форум барои таҳким бахшидани ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ва шарикӣ дар соҳаи васоити ахбори омма платформаи зарурӣ маҳсуб гардида, табодули иттилоот ва таҷриба қисмати муҳимми муносибатҳои Чин бо кишварҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Иброз гардид, ки васоити ахбори оммаи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки ба рӯйдоду ҳаводиси имрӯза бо дарки масъулият вокуниш нишон дода, шаклҳои нави ҳамкориро пайдо намуда, таърихи ҳамкориҳои мутақобилаи дӯстонаро муштаракан бозгӯйӣ кунанд ва ҳамзамон, ҷиҳати бунёди ҷомеаи наздиктари сарнавишти ягонаи Чин ва Осиёи Марказӣ хираду дониш ва неруи худро сафарбар намоянд.
Дар форуми “Осиёи Марказӣ-Чин”-2025 мавзуи ҳамкориҳои мутақобила дар бахши васоити ахбори омма дар суханрониҳои намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон низ матраҳ гардид.
Зикр шуд, ки табодули таҷриба миёни рӯзноманигорон, лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои омӯзишӣ имкон медиҳанд, ки аз равандҳои дохилӣ дар кишварҳои ҳамсоя ба хубӣ огоҳ шаванд, ҳамчунин, роҷеъ ба дастовардҳои имрӯза ва вижагиҳои фарҳангӣ бидуни ягон мушкилӣ ба ҳамдигар иттилоъ диҳанд.
Ин ҳамоиш барои таҳкимбахшӣ ва вусъат додани ҳамкорӣ миёни расонаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои мутақобила, тавлид ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои табодули таҷриба, маводи иттилоотӣ ва технологияи пешрафта дар бахши васоити ахбори омма платформаи беназир аст.
Иброз гардид, ки дар самти таҳқиқи нақши расонаҳо дар ташаккулёбии афкори умум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, телевизион ва радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиргузор ба афкори ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда метавонад мусоидати фаъол намояд. Тибқи гуфтаҳои коршиносони байналмилалӣ, матбуоти Тоҷикистон дар айни замон дар қиёс бо кишварҳои зиёди дигар аз нуқтаи назари озодии баён пешрафта маҳсуб меёбад. Ба ибораи дигар, матбуот ба ҳадафҳо, орзую умеди халқ ва манфиатҳои миллӣ наздик шуд.
Зикр шуд, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, тағйироти геосиёсӣ ва нооромӣ дар сайёра васоити ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бояд роҳҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҳамгироӣ ва шарикиро пайдо намоянд, ки он ба боварии ҳамдигарӣ асос ёфтааст.
Пеш аз ҳама, васоити ахбори омма бояд дар рушди муколамаи байни фарҳангҳо мусоидат карда, нақши онҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ афзун мегардад. Бахусус, ин масъала дар фазои Чин ва минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки Форуми васоити ахбори омма, ки ҳамасола баргузор кардани он ба анъанаи нек табдил ёфтааст, барои баррасии масъалаҳои муҳимму ҳалталаб, эҳёи Роҳи абрешим ва васоити ахбори омма платформаи боэътимод аст.
Дар тӯли асрҳо халқҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Роҳи бузурги абрешимро бунёд карданд ва садсолаҳо шоҳиди шукуфоии он буданд.
Дар форум таъкид гардид, ки яке аз хулосаҳои калидӣ ин аст, ки васоити ахбори омма метавонад нақши сафирони иродаи некро иҷро карда, рӯйдодҳоро дуруст, боэҳтиром ва ҷолиб расонад. Маҳз расонаҳо воситаи эътимод гашта, қудрати ба ҳам наздик кардани мардум, дастгирӣ ёфтани рушди сайёҳӣ, маориф ва тиҷоратро дорад.
Бояд гуфт, ки дар саммити нахустини “Осиёи Марказӣ-Чин” дар шаҳри Сиани Чин сарони давлатҳо вусъат бахшидани ҳамкориҳои васоити ахбори оммаро таъкид карда буданд. Андешаҳои дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баёнгашта ин бор дар шаҳри Остона идомаи худро ёфтанд.
Дар ин ҳамоиш, ғайр аз рӯзноманигорон ва коршиносон намояндагони соҳаҳои гуногун дар бораи таҷрибаҳои фаъолияти худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин андешаронӣ карданд.
Дар доираи форум, ҳамчунин, маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳои “Осиёи Марказӣ-Чин”-2025 ва маросими ботантанаи оғози сафари матбуот (пресс-тур)-и расонаҳои кишварҳои минтақа ба шаҳри Алмаато аз рӯйи лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббусҳои “Як камарбанд, як роҳ” анҷом пазируфт.
Ин нуктаро бояд таъкид дошт, ки лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ” имрӯз на танҳо ҳамчун ташаббуси бузурги инфрасохторӣ ва иқтисодӣ, балки ҳамчун фалсафаи сарнавишти умумии инсоният эътироф гаштааст.
“Як камарбанд, як роҳ” ташаббусе мебошад, ки кишварҳоро ба хотири рушди умумӣ, сулҳу субот ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад. Аз ҷумла ширкаткунандагони форум таъсис додани марказҳои муштараки фарҳангӣ ва барномаҳои мубодиларо, ки ҷавонони кишварҳои гуногунро наздик карда, ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшад, зарур шумурданд.
Дар форум нақшаҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо, боварии сиёсӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Бахусус, нақши мубодилаи фарҳангӣ, ки ба сокинони минтақа барои беҳтар огаҳӣ пайдо кардан ва фаҳмидани якдигар кумак мекунад, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва ҳифзи мероси бойи таърихӣ таъкид гардид. Ин чунин маъно дорад, ки кишварҳо на фақат аз ҷиҳати иқтисодӣ алоқаманд мебошанд, балки таърих ва арзишҳои муштарак онҳоро муттаҳид гардондааст.
Дар форум шабакаи иттилоотии “Як камарбанд, як роҳ” рӯнамоӣ гардид, ки он васоити ахбори омммаи минтақаро барои табодули фаъолтари иттилоот ва андешаҳо муттаҳид месозад. Ҳамчунин, дар қисмати ифтитоҳии форум нахустнамоиши клипи мусиқии “Оҳанги Роҳи абрешим” баргузор шуд, ки он дар худ ягонагии фарҳангҳо ва суннатҳоро таҷассум мекард.

Суҳроб РАУФЗОДА,
Душанбе-Остона-Алмаато-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: