
Васоити ахбори омма дар ҷомеаи муосир нақши калидӣ дошта, он ба сифати манбаи асосии иттилоот, ҳамчун платформа барои муколамаи ҷамъиятӣ ва чун воситаи таъсиргузор ба афкори ҷамъиятӣ хизмат мекунад.
Дар мавҷи дигаргунсозиҳои куллӣ дар ҷомеаи муосир ВАО дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти шаҳрвандон боз ҳам таъсири бештар мерасонад.
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади шиносоӣ бо низоми имрӯзаи сиёсӣ, дастовардҳо дар бахши навсозӣ (модернизатсия), рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва талошҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аз ҷониби Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин барномаи омӯзишӣ барои роҳбарони ҷавони ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО-и ҳамсоякишварҳои Чин доир гардид, ки дар он роҳбарони васоити ахбори омма, ноширон ва олимон аз 16 кишвар, аз ҷумла Чин, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Русия, Шри-Ланка, Непал, Малайзия, Лаос, Камбоҷа, Таиланд, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Барномаи омӯзишӣ, ки аз 14-ум то 23-юми сентябр ҷараён гирифт, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо васоити ахбори омма аз тариқи табодули таҷриба дар самти ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардид.
“ВАО-И НАВ, ЗИНДАГИИ НАВ”
Дар шаҳри Пекин дар доираи барномаи омӯзишӣ роҳбарони ҷавони ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО бо муовини вазири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Ҳизби коммунисти Чин хонум Сун Хайян мулоқот карданд.
Хонум Сун Хайян нахуст иштирокчиёни барномаро шодбош гуфта, иброз дошт, ки Чин ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя аҳаммияти хосса медиҳад. Вай уҳдадории ҷониби Чинро бар асоси принсипҳои дӯстӣ, самимият, манфиати тарафайн ва фарогирӣ дар пешбурди ҷомеа бо ояндаи муштарак барои инсоният таъкид карда, иброз дошт, ки Чин омодааст табодули таҷриба ва ҳамкориро бо ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи ҳамсоякишварҳо тақвият бахшад ва ба онҳо ҷиҳати роҳнамоии афкори ҷамъиятӣ дар самти муошират бо ҷомеа ва ҳалли мушкилоти афзояндаи марбут ба иттилооти бардурӯғ кумак расонад.
Гуфта шуд, ки мутахассисони ҷавони васоити ахбори омма маълумоти нисбатан мукаммал ва воқеиро дар бораи Чин тавассути табодули таҷриба ва риштаҳои дӯстӣ ба даст оварда метавонанд. Ҳамчунин, кормандони васоити ахбори омма ба мардуми худ ҷиҳати пайдо кардани иттилоъ доир ба ҳаёти воқеӣ ва имрӯзаи Чин мусоидат карда метавонанд.
Иштирокдорони мулоқот аснои суханронӣ ба сиёсати хориҷӣ ва таҷрибаи Чин дар муносибат бо ҳамсоякишварҳо баҳои баланд доданд. Онҳо изҳори омодагӣ карданд, ки табодули таҷриба ва ҳамкориро бо васоити ахбори оммаи Чин дар оянда густариш бахшида, дар якҷоягӣ ба таҳдидҳо ва чолишҳои асри иттилоот, аз ҷумла пахши хабарҳои бардурӯғ муқобилият нишон медиҳанд, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии миёни халқҳои минтақа ва Чинро ривоҷ хоҳанд бахшид. Иштирокчиёни мулоқот ҳамчунин, иброз доштанд, ки дар якҷоягӣ сулҳу суботи минтақа ва рушду шукуфоии онро ҳифз хоҳанд намуд. Дар рафти нишаст ширкаткунандагон, инчунин, мушкилоти марбут ба пахши иттилооти бардурӯғ ва ҷилавгирӣ аз паҳнкунии хабарҳои беасосро муҳокима намуда, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро матраҳ карданд.
МУКОЛАМАИ РОҲБАРОНИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ВАО
Дар Пекин муколамаи ҷавонони Чин бо кишварҳои хориҷӣ оид ба масъалаи дигаргунсозии ВАО-и анъанавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ миёни ҳизбҳои сиёсӣ доир гардид.
Дар ин муколама, ки таҳти унвони “Муттаҳидсозии хиради ҷаҳонӣ, муттаҳидсозии набзи ҷавонӣ: дигаргунсозии ВАО-и анъанавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дар бахши ВАО” доир гашт, масъалаи чӣ гуна васоити ахбори оммаи анъанавӣ метавонанд воситаи табдилдиҳии инноватсияи рақамӣ ва ҳамкории фаромарзӣ гарданд, мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт.
Хотиррасон мешавем, ки созмондиҳандагони ин ҳамоиш Бюрои иттилооти ҷамъиятӣ ва коммуникатсияи Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин ва маҷаллаи “Contemporary World Press” (“Матбуоти муосири ҷаҳон”) буданд.
Президент ва сардабири маҷаллаи “Contemporary World Press” Ли Шуанве дар нишаст дар паёми шодбошии худ таъкид дошт, ки дар замони муосир муттаҳидии ҷавонон барои рушди ҳамгироӣ ва инноватсия дар бахши васоити ахбори омма бисёр зарур аст. Ӯ ташкилотҳои ВАО-ро ба он даъват намуд, ки дар саросари ҷаҳон барои муколама майдони фаррох ва барои ҳамагон манфиатбахшро фароҳам оранд.
Дар ҷараёни муколама аз ҷониби иштирокчиён чунин андеша садо дод, ки дигаргунсозии рақамӣ дар раванди фаъолият мушкилӣ эҷод намояд ҳам, аммо барои эҳёи васоити ахбори анъанавӣ имкониятҳои навро боз мекунад. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши ВАО бояд бар пояи арзишҳои умумӣ сурат бигирад.
РОҲБАРОНИ ВАО БА ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАЪВАТ МЕКУНАНД
Дар шароити зудтағйирёбандаи технологӣ ва ивазшавии шаклҳои коммуникатсияи ҷаҳонӣ намояндагони васоити ахбори оммаи Чин ва кишварҳои хориҷӣ даъват ба амал оварданд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ таҳким ва тақвият дода шаванд.
Роҳбарони ВАО таъкид доштанд, ки эҷодкорӣ ва ояндабинии мутахассисони ҷавон дар дигаргунсозии васоити ахбори оммаи анъанавӣ ва ташаккул додани фазои иттилоотии фарогирандаи ҷаҳонӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
Муколама дар мавзуи “Муттаҳидсозии хиради ҷаҳонӣ, муттаҳидсозии набзи ҷавонӣ: дигаргунсозии ВАО-и анъанавӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дар бахши ВАО” майдоне буд, ки коршиносон ва роҳбарони ВАО-ро ҷиҳати табодули таҷриба дар самти дигаргунсозии ВАО-и анъанавӣ, таъсири тағйиротҳои рақамӣ ва имкониятҳои ҳамкориҳои фаромарзӣ ба ҳам овард.
Таъкид гардид, ки ин муколама назарҳои мухталифро дар худ инъикос намуда, дар шароити рушди босуръати технологияҳо ва тағйиротҳои азим дар бахши коммуникатсияи ҷаҳонӣ ВАО ҳамчун шабакаҳои иттилоот, пули миёни табодули фарҳангҳо ва омили бавуҷудоварандаи афкори ҷамъиятӣ ҳанӯз ҳам нақши ҳалкунанда мебозад.
Дар ҷараёни муколама иброз гардид, ки шабакаҳои анъанавӣ бояд усулҳои мутобиқшавӣ, бартарафсозии ихтилофот ва татбиқи ҳамкориҳои инноватсионӣ - кушишу талошҳое, ки ҳам ғояҳои тоза ва ҳам ширкати фаъолонаи ҷавононро талаб мекунад, пайдо намоянд.
Ноиби президенти Агентии иттилоотии Лас (KPL) Сентонг Пхасават таъкид дошт, ки дар айни ҳол ВАО-и анъанавӣ се мушкилоти ҳалталаб доранд, ки инҳо навгониҳои рақамӣ, иттилооти бардурӯғ ва маҳдуд будани манбаъҳо мебошад.
Зикр шуд, ки ягон кишвар дар танҳоӣ ин монеаҳоро бартараф карда наметавонад. Ҳамкориҳои боз ҳам бештар дар бахши ВАО барои табодули таҷриба дар самти таҳаввулоти рақамӣ, омӯзиши муштараки рӯзноманигорон ва пурзӯр кардани мавқеъҳо, ки арзишҳои умумӣ ва дастовардҳоро дар самти рушд дар арсаи байналмилалӣ инъикос мекунанд, бисёр зарур аст.
Таъкид рафт, ки паҳнкунии иттилоот ва шарҳи онҳо ба тағйиротҳои амиқ дучор мешаванд ва тафовутҳо дар таркиби ВАО-ро на ҳамчун монеа, балки ҳамчун имконият барои ҳамкорӣ маънидод кард.
“Тафовутҳо набояд ҳамчун ҷудошавӣ маънидод гарданд, балки онҳо метавонанд ба сӯйи имкониятҳо роҳ кушоянд. Аз ҳамин хотир аз ВАО даъват ба амал оварда мешавад, ки ба гуногунрангӣ эҳтиром гузорад, ба муколама ва дӯстӣ мусоидат намояд, ҳамчунин, арзишҳои инсониро ҳимоя намояд, то ки ҳамкориҳо барои кишварҳо ва халқҳо манфиатовар бошанд”,-изҳор доштанд роҳбарони ВАО-и кишварҳои хориҷӣ.
Аз ҷониби намояндаи Агентии иттилоотии “Синхуа”-и Чин Вэй Чжунтсзе чунин андеша садо дод, ки густариш бахшидани ҳамкорӣ миёни васоити ахбори Чин ва байналмилалӣ дар самти рушди истеъдодҳо таваҷҷуҳи хоссаро талаб менамояд. Ӯ муҳиммияти рушди табодул ва сурат гирифтани сафарҳои тарафайнро миёни намояндагони ВАО, бахусус рӯзноманигорони ҷавон таъкид намуда, иброз дошт, ки он бояд тавассути барномаҳои муштараки омӯзишӣ ва корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шаванд. Илова гардид, ки чунин ташаббусҳо бояд на танҳо ба рушди малакаву маҳорат, балки барои табодули ғоя (идея)-ҳо, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди касбӣ низ мусоидат намоянд.
Дар нишаст зарурати нигоҳ доштани боварии фарҳангӣ ва соҳибихтиёрӣ дар шароите, ки кишварҳои Ҷануби ҷаҳонӣ ба сӯйи навсозӣ (модернкунонӣ) талош доранд, бори дигар таъкид гардид.
Ин нукта зикр шуд, ки ба хотири он ки нақши кишварҳои Ҷануби ҷаҳонӣ дар пешрафти ҷаҳони имрӯза торафт бештар чашмрас аст, васоити ахбори омма ва марказҳои таҳлилӣ бояд мутахассисони ҷавонро баҳри татбиқи навсозӣ ва мусоидат ба низоми рушди байналмилалӣ ба сӯйи адолат ва баробарӣ муттаҳид намоянд.
Дар мизи мудаввар таҳти унвони “Бартарафсозии монеаҳо дар ҳамкорӣ миёни ВАО-и Чин ва кишварҳои хориҷӣ дар замон ва фазо”, ки дар доираи барномаи омӯзишӣ дар Пекин баргузор гашт, иштирокчиён андешаҳои мухталиф баён доштанд. Аз ҷумла узви кумитаи шуъбаи ВАО-и ҳизби “Ҷанатха Вимукти Перамуна” (JVP) -и Шри-Ланка Вимукти Ясас пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи ВАО дар асоси принсипҳои эҳтироми тарафайн, масъулиятшиносии муштарак ва равиши ба манфиатҳои инсонҳо нигаронидашуда бунёд ёбанд ва ихтилофҳоро бояд ҳамчун манбаи муколама арзёбӣ кард.
Дар идомаи мизи мудаввар менеҷер оид ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва коммуникатсияи Ҳизби мардумии Таиланд Супачай Сянҷун усули ҳамкории “технологияҳо-истеъдодҳо-механизм”-ро пешниҳод кард. Намояндаи кишвари Таиланд даъват ба он кард, ки барои ҳалли муштараки мушкилоти глобалӣ, ба мисли пахши иттилои нодуруст сохторҳои фаромиллӣ таъсис дода шаванд.
Дар тӯли барномаи ҳафтрӯза роҳбарони ҷавони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони ВАО дар шаҳрҳои Пекин, Ханчжоу ва Сиани Чин бо технологияҳои муосир, ки дар васоити ахбори омма ва коммуникатсияи ҷамъиятӣ васеъ истифода мешаванд, аз наздик шинос шуданд. Иштирокчиёни барнома ҳамчунин, тӯли сафар дар бораи сармоягузориҳои зиёди Чин ба соҳаҳои технология ва васоити ахбори омма, ки ба ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, дастгирии идораи давлатӣ ва беҳдошти хизматрасониҳои давлатӣ равона гардидааст, маълумот пайдо карданд.
Ёдрас мешавем, ки дар доираи ин барнома, ки аз ҷониби Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин созмон дода шуда буд, ҳайати иштирокчиён аз ширкатҳои пешрафтаи илмӣ-техникӣ, муассисаҳои давлатӣ ва маконҳои таърихиву фарҳангиии Чин дидан карданд.
Суҳроб Рауфзода,
Душанбе-Пекин-Душанбе