Пӯшида нест, ки имрӯз дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон таъсири омилҳои буҳронӣ дар иқтисодиёт, муноқишаҳо ва пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба инсоният таҳдид мекунанд.
Бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳон ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” соли 2013 аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод шуд.
"Як камарбанд, як роҳ" ташаббуси байналмилалии Чин барои такмил додани долонҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба шумор меравад ва барои беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқо ҷиҳати пешбурди рушди муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳо ва Чин пешбинӣ шудааст.
Ин ташаббус ду шоха - камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим ва Роҳи абрешими баҳрии асри 21-ро дарбар мегирад.
Ташаббуси чинӣ ҳадафи калидӣ дорад, ки он барқарорсозии иқтисодиёти дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, талаботи рушди ҳам кишварҳои аъзо ва ҳам худи Чинро қонеъ мегардонад.
Лоиҳаи "Як камарбанд, як роҳ" дар саросари ҷаҳон майдони кушода буда, он ба хотири рушди иқтисодӣ барои ҳама гуна кишвар ва ташкилот хизмат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намудааст, зеро ин ташаббус метавонад барои Тоҷикистон манбаи иловагии захираҳои молиявӣ ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок ва суханронӣ дар Форуми дуюми байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” доир ба ҳамкории байналмилалӣ, ки рӯзҳои 14-15-уми майи соли 2017 дар шаҳри Пекин доир гардид, иброз дошта буданд. “Бо талошҳои муштарак моро зарур аст, бо истифода аз захираҳо ва иқтидори ҳамаи кишварҳое, ки Ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-ро дастгирӣ мекунанд, воситаҳои нави ҳамгироиро такмил ва ташкил дода, барои наздикшавӣ нуқтаҳои нав ва барои ҳамкории минбаъда роҳҳои навро пайдо намоем. Ҳамкории ҳамаҷонибаро мебояд фаъолтар ба роҳ монда, дар ин замина муносибатҳои боэътимод ва дӯстонаро байни кишварҳоямон таҳким бахшем”.
Дар шаҳри Чэнду - маркази маъмурии музофоти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин Форуми ҳамкории васоити ахбори омма таҳти унвони “Як камарбанд, як роҳ-2024” баргузор гардид, ки дар он дар баробари роҳбарони расонаҳои иттилоотӣ ва хабарнигорон аз 80 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Шведсия, Испания, Куба, Таиланд, Маҷористон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Россия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳайати рӯзноманигорон аз Тоҷикистон низ иштирок доштанд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Чин, ки чанде пеш дар ҷараёни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Син Ҷинпин ба кишвари мо ба имзо расид, бо даъвати рӯзномаи “Жэнмин Жибао” нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - “Минбари халқ” низ ба ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ даъват шуд.
Форуми ҳамкории ВАО “Як камарбанд, як роҳ”, ки аз ҷониби рӯзномаи ҳизбии “Жэнмин Жибао” созмон дода шуд, аллакай соли даҳум аст, ки баргузор мешавад ва яке аз ҳамоишҳои миқёсан бузург барои ВАО маҳсуб меёбад.
Бо мақсади рушди ҳамкории ВАО ва таҳким бахшидани робитаҳо Форум ба майдони сатҳи баланди муколама ва муошират барои сиёсатмадорон, кормандони васоити ахбори омма, соҳибкорон ва олимон табдил ёфтааст.
Дар ҷараёни ҷаласаҳои амалии Форум мавзуъҳои мухталиф, амсоли нақши ВАО дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, имконот ва мушкилоти ВАО дар даврони зеҳни сунъӣ, таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва аксуламали ВАО ва ғайра баррасӣ ва ба риштаи таҳлил кашида шуданд.
Форум ба мавзуи “Таҳким бахшидани ҳамкории васоити ахбори омма бо мақсади рушди умумӣ” бахшида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Форум аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин ва мудири Шуъбаи таблиғоти сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Ли Шулэй иштирок ва суханронӣ кард.
Ли Шулэй зимни суханронӣ аз ҷумла иброз дошт: “Васоити ахбори омма даричаест барои ба оламиён нишон додани натиҷаҳои рушд дар самти пешрафти ҳамкориҳои амалӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”. Васоити ахбори омма бояд таърихи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар якҷоягӣ бозгӯӣ кунад ва масъулиятро ҷиҳати мусоидат ба рушди воқеӣ ба уҳда гирад, таҷрибаи дурахшони бунёди муштараки “Як камарбанд, як роҳ”-ро муфассал инъикос намояд ва дар рушду пешрафти ҷаҳон саҳми мусбат гузорад. Васоити ахбори оммаро зарур аст, ки мушкилоти марбут ба технологияи иттилоотиро муштаракан ҳаллу фасл намуда, робитаҳои байниҳамдигарии иттилоотиро пеш барад ва имкониятҳоро дар самти зеҳни сунъӣ ва рақамӣ васеъ намояд. Бояд дар якҷоягӣ ҳамкориро миёни васоити ахбори оммаи кишварҳои гуногун амиқан густариш бахшида, таърих ва фарҳанги ҷовидонаи мамлакатҳои мухталиф ва арзишҳои замони муосирро нишон диҳем, ҳамчунин ба тамоми одамони сайёра кумак кунем, то ҳамдигарро бишносанд”,-гуфт дар идомаи суханронӣ мудири Шуъбаи таблиғоти сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Ли Шулэй.
Ширкаткунандагони Форум изҳор доштанд, ки васоити ахбори оммаро зарур аст таърихи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар мамлакатҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” боз ҳам беҳтар инъикос карда, ҳам дар бораи таҷрибаи бунёди муштараки “Як камарбанд, як роҳ” ва ҳам нақши он дар ҷаҳон иттилои бештар диҳанд.
Бо дарназардошти он ки ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” аз замони пешниҳод гаштанаш дар соли 2013 тараққиёти босуръатро аз сар гузаронида истодааст, меҳмонони Форум аз ВАО даъват ба амал оварданд, ки робитаҳои ҳамкорӣ ва табодули байниҳамдигарии иттилоотро густариш бахшида, саъю кӯшишро ҷиҳати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳнӣ беҳтар намоянд ва ҳамкориҳоро тақвият бахшанд, то ки зебоӣ ва вижагиҳои тамаддунҳои мухталиф нишон дода шавад.
Дар Форум ташаббуси Чэнду “Ҳамкорӣ дар бахши ВАО - “Як камарбанд, як роҳ”, ки он ба таҳким бахшидани тартиби табодули иттилоот оид ба таърихи Роҳи Абрешим, ҳамгироии амиқи фарҳангӣ, мусоидат барои манфиатҳои тарафайн, ҳамкории мутақобилан судманд ва муттаҳид кардани неруҳои дастҷамъӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкории баландсифати “Як камарбанд, як роҳ” равона шудааст, пешниҳод гардид.
Боиси зикр аст, ки ҳамаи суханрониҳои маърӯзачиён дар кори Форум бо забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, кореягӣ, русӣ, португалӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ ба таври таҳтуллафзӣ тарҷума шуданд.
Дар ҳошияи Форум “Ташаббус оид ба ҳамкории васоити ахбори омма дар доираи “Як камарбанд, як роҳ” интишор шуд. Ҳамчунин, дар доираи Форум ҷаласаи сеюми Шурои Шабакаи иттилоотии “Як камарбанд, як роҳ” баргузор гардид.
Пас аз анҷоми кори Форум ширкаткунандагон аз ёдгориҳои таърихӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, инчунин, аз минтақаҳои сайёҳии шаҳрҳои Чэнду, Нанчун, Гуанани музофотҳои Сичуан ва Гуйчжоу дидан намуда, бо тамаддуни бостонӣ ва табиати афсункори Чин шинос шуданд ва таассуроти амиқ бардоштанд.
Ёдрас мешавем, ки Форум аз ҷониби рӯзномаи “Жэнмин Жибао” дар якҷоягӣ бо маъмурияти музофоти Сичуан доир шуда, дар он дар баробари роҳбарони васоити ахбори омма ва хабарнигорон, инчунин, коршиносон, олимон ва соҳибкорон низ ширкат доштанд.
Суҳроб Рауфзода
Душанбе-Чэнду-Нанчун-Гуанан-Гуйчжоу-Душанбе