Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим иштирок доранд

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим иштирок доранд

12-05-2025, 13:46
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалӣ оид ба минералҳои муҳим «INFOCM 2025» ифтитоҳ гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок доранд.

Тавре аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни форум намояндагони 13 давлати ҷаҳон масъалаҳои рушди устувор, истифодаи самаранок ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи минералҳои муҳимро баррасӣ менамоянд.

«INFOCM 2025» барои табодули таҷриба, муколамаи муфид ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти идоракунии захираҳои табиӣ минбари муҳим арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки форум ду рӯз идома ёфта, дар назар аст, ки дар доираи он намояндагони Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ вохӯриҳо баргузор намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: