Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Нафит Ал-Васат» ва «Истиқлол» дар Теҳрон қувваозмоӣ мекунанд

«Нафит Ал-Васат» ва «Истиқлол» дар Теҳрон қувваозмоӣ мекунанд

14-03-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
«Нафит Ал-Васат» ва «Истиқлол» дар Теҳрон қувваозмоӣ мекунанд
Бозии даври севуми Ҷоми AFC-2016-ро дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои «Нафит Ал-Васат» –и Ироқ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон Суҳбир Сингҳ аз Сингапур доварӣ мекунад.

Ин сабқат миёни дастаҳои «Нафит Ал-Васат» ва «Истиқлол» 15 март дар Теҳрон, дар варзишгоҳи «Пас», соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба ҳайати даста ба бозӣ муқобили қаҳрамони Ироқ 17 бозигарро дохил кардааст.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 бозиро бо тими «Ал-Файсали»-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Ин бозӣ 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд.

«Истиқлол» дар даври дувум аз дастаи мизбон - «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ 8 март дар варзишгоҳи «Триполи»-и шаҳри Триполи баргузор шуд.

Феълан дар ҷадвали гурӯҳи «В» дастаи «Ал-Файсали» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Нафит Ал-Васат» ва «Триполи» бо 3- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. «Истиқлол» бо як имтиёз дар зинаи охир аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: