Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бозии Тоҷикистону Қирғизистонро довари ӯзбакистонӣ ҳакамӣ мекунад

Бозии Тоҷикистону Қирғизистонро довари ӯзбакистонӣ ҳакамӣ мекунад

2-03-2016, 11:05
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
Бозии Тоҷикистону Қирғизистонро довари ӯзбакистонӣ ҳакамӣ мекунадДоварони ду бозии боқимондаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В” таъин гардиданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Фаҳд Ҷаббор Ал-Маррӣ аз Қатар сардовари бозии даври нӯҳуми ин мусобиқот миёни дастаҳои миллии Австралия ва Тоҷикистон, ки рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал»-и шаҳри Аделаида доир мешавад, таъин шудааст. Юсуф Ориф Ал-Шамарӣ аз Қатар ва Муҳаммад Ал-Абакрӣ аз Арабистони Саудӣ доварони марзи майдон мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Чуан Ху Фу аз Сингапур ба зимма дорад. Нозири доварон Азимӣ Бин Абдулло аз Малайзия ва комиссари бозӣ Томохиро Каисе аз Ҷопон таъин шудаанд.

Бозии мунтахаби Тоҷикистонро дар бозии охирони марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки рӯзи 29 марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18.00 бо мунтахаби Қирғизистон, ба сабқат мебарояд, доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ Азиз Осимовтаъин шудааст. Ба ӯ Руслан Серазитдинов ва Андрей Сапенкокӯмак мекунанд. Ҷасим Муҳаммад Абдулкарим аз Баҳрайн нозири доварон ва Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Феълан дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Бангладеш бошад бо як имтиёз дар зинаи панҷум қарор дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: