Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин баргузор шуд

Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин баргузор шуд

3-01-2024, 13:13
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин баргузор шудМарафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Кунмини музофоти Юннан, дар ҷанубу ғарби Чин баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Kazinform» иттилоъ медиҳад.

Марафони Кунмин, ки бори ҳаштум баргузор шуд, дар оғози мусобиқа тақрибан 15 ҳазор варзишгар ва дӯстдорони давро ҷамъ овард, ки барои онҳо ташкилкунандагон чор масофа — 42,2 км, 21,1 км, 5 км ва дав барои волидон ва кӯдаконро омода намуданд.

Роҳҳои марафони Кунмин дорои иҷозатномаи тиллоии Федератсияи умумичинии варзиши сабук, инчунин иҷозатномаи нуқрагии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук мебошанд.

Марафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2016 инҷониб ҳамасола дар Кунмин баргузор мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: