Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузургу пешбаранда

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузургу пешбаранда

7-12-2023, 17:05
Хабарро хонданд: 142 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузургу пешбарандаСанаи 7 декабри соли 2023 дар толори МД “Кохи фарҳанги Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи бузургу пешбаранда”, бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар собиқадорон, фаъолони ҳизб, ректорони муассисаҳои олӣ, занону ҷавонон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” доир гардид.

Сараввал, меҳмонон аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ёрирасони назди Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дастовардҳои Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар вилояти Суғд дидан намуданд.

Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода баромад намуда, иброз дошт, ки воқеан, роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ дар тӯли ин 29 сол мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит кард. Исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”.

Сипас, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар аҳли нишастро ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Мавсуф зимни суханронии худ афзуд, ки дар ҳақиқат, ҲХДТ дар тӯли 29 соли фаъолияти худ ҷомеа ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуд. ҲХДТ бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум тавонист нақши мондагоре ба сомон расонад. Нақши ин ҳизби сиёсӣ дар рушди иқтисодиёти навини Тоҷикистон беназир аст ва талошҳои барномавии он баҳри зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.

Дар идомаи маҷлис, як зумра фаъолони ҳизб бо сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, бо медали ҷашнии ҲХДТ ва сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар анҷом барномаи фарҳангӣ ба маҷлиси тантанавӣ шукӯҳу шаҳомати хосса зам намуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: