Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА 27- СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА 27- СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16-12-2021, 07:33
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА 27- СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 13 декабри соли ҷори дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳоияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилон, раисони ташкилоти ибтидоӣ, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзо ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкӯр Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фатҳиддин Усмонзода зикр карданд, ки 10 декабри соли равон ба таъсисёбии ҲХДТ 27 сол сипари шуд ва он барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи таърихӣ мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба таърихи таъсиси ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ибрози андеша намуда, гуфт, ки “ҲХДТ ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ- гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он дида, ҷонибдорӣ мекунанд”.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷурабек Муродов зикр кард, ки ҲХДТ ҳамчун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон – Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар менамоянд.
Дар идомаи ҳамоиш ба як гурӯҳ собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ ҷиҳати саҳми босазо гузоштан дар амалигардонии сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин ба якчанд нафар омӯзгорони фаъоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки бори аввал узви ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардида, хотири иштирокдоронро болида гардонид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: