Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҲХДТ ДАР МОСКВА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҲХДТ ДАР МОСКВА

13-12-2022, 12:51
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҲХДТ ДАР МОСКВАДар дафтари қабулгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва вобаста ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки намояндагони расмӣ, аъзои ҷамъияти тоҷикони бурунмарзӣ ва намояндаи шуъбаи байналмилалии ҳизби «Единая Россия» Журавлев Николай Виталевич баргузор гардид.

Ҷаласа бо сухани табрикотии роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Мирзомуддинов Саидбек ифтитоҳ гардида, қайд шуд, ки ҲХДТ зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дилу тафаккури мардум реша мегирад. Онро метавон ягона нерӯи сиёсии кишвар номид, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намудааст. Хушбахтона, чунин низоми сиёсӣ солиёни зиёд аст, ки фаъолияти рӯзмарраи сиёсати давлати Тоҷикистонро бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил дода, натиҷаҳои чашмгиреро ба бор оварда истодааст.

Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз афкору эътиқодоти мавҷудаи сиёсӣ, аз ҷомеаи кишвар бартариҳои зикршударо замоне гирифта ба раванди амалкард вогузор намуд, ки онҳо ҷавобгӯйи хостаҳои миллии мардум маҳсуб ёфта, пешрафти бомароми давлат ва суботу оромиии сиёсиро дар ҳама сатҳҳои ҷомеа таъмин карданд.

Маҳз ҳамин некхоҳӣ, хушбинӣ ба ояндаи дурахшон ва баҳамоварии ормонҳои миллӣ буданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тақдири минбаъдаашро ба ин ҳизби сиёсӣ пайваста, аз ғояҳои созандаи он якдилона ҷонибдорӣ намуд. Ин аст боварӣ, эътимод ва муҳаббату садоқат нисбат ва низом ва гурӯҳи сиёсие, ки мехоҳад ва метавонад давлатро ба маҷрои рушди босубот ворид намуда, зиндагии арзандаеро баҳри сокинонаш фароҳам оварад.

Воқеан, роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ роҳи мушкилу пурпечутоб, пур аз моҷароҳои сиёсӣ, аммо бошарафона ва садоқатмандона буд.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқӣ будани худро нишон дода, исбот намудааст, ки тавъам бо ормонҳои миллии мардум мебошад. Тамоми афкору маънавиёт ва шуури сиёсиаш аз дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш танҳо ва танҳо ба манфиати халқ равона гардидааст.

Мебояд ба хотир дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани зиндагии босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар раванди 28 соли фаъолияти хеш пайваста талош дошт ва ин раванд боз ҳам босамар идома дорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавии худ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯйи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ, аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» роҳнамоӣ мекунад.

Намояндаи шуъбаи байналмилалии ҳизби «Единая Россия» Николай Журавлев низ ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуда, ба аъзои фаъоли ҳизб туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: