Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ

САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ

16-12-2021, 07:31
Хабарро хонданд: 418 нафар
Назарҳо: 0
САҲМИ ЗАНОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ
Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бахшида ба 27- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ” ҳамоиш бо бонувони фаъоли ҳизбӣ доир гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, собиқадорони меҳнат ва ҳизб ширкат варзиданд.

Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни ҳамоишро бо санаи фархунда 27 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ дар тӯли ин 27 сол роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит кард. Исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст. Дар амалӣ гардидани ҳадафҳои оинномавию Барномавии ҲХДТ саҳми бонувон чун нерӯи бузург калон аст. Маҳз бо иродати бонувон имрӯз ҳизб дар ҷомеа нуфуз пайдо карда, то гӯшаҳои дурдасттарини мамлакат ҳадафҳояш пиёда мегардад.

Дар баромади Зайнура Азимӣ зикр шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири 27 соли фаъолияташ ба сифати ташкилотии муқтадир ва фардосози кишварамон дар сулҳу ҳамбастагӣ, ғановати маънавӣ ва ба рушди тафаккури зеҳнии сокинонамон хизмати мондагоре анҷом дода, имрӯз низ бо шумори беш аз ниммиллион аъзо барои пешрафти хоҷагии халқ фаъолияти густурда дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар симои ҳар як аъзои фаъоли ҳизб татбиқкунандаи ормонҳои миллиро медонад ва иқдомҳои наҷибу созандаи кумиҷроияи вилоятро дар самти беҳдошти мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа дастгирӣ мекунад. Ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат вазифаҳои мо – занону бонувонро барои тарбияи насли худогоҳу хештаншинос, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир муайяну мушаххас менамояд. Рисолати мо, ҳизбиён дар ин ҷода садоқат ба Ватан, садоқат ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бояд бошад.

Дар идомаи кори ҳамоиш муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯзахон дар мавзӯи “Саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ”, муовини директори ДИСДДТТ, Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна дар мавзӯи “ Саҳми бонувони ҳизбӣ дар рушди илми тоҷик”, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров Солиева таҳти унвони “ҲХДТ ва тақвияти мақеи оила дар ҷомеа” ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 – и шаҳри Хуҷанд Муинова Манзурахон Муиновна дар мавзӯи “Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ” баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд. Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки ҷомеа ҳамеша ниёзманди шахсиятҳои хирадманд ва босаводу созанда аст. Рисолати созандагӣ аслан хоси занҳост. Афзоиши сафи занони босаводу бомаърифат ва аз ҷиҳати фарҳанги сиёсӣ ташаккулёфта бе ягон шубҳа омили муҳими пешрафту рушди кишвари мо маҳсуб меёбад. Давлату ҳукумат ва ҷомеа ба занон вазифаи муқаддасу масъулро бовар намудааст. Масъулияти ин боварӣ, эътиқоду эътимоди бузург аст, ки занони Тоҷикистони соҳибистиқлолро новобаста аз вазифаву мансабҳои худ, вазифадор месозад, ки аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошем, ки ба манфиати ҷомеа ва давлати азизамон бошад.

Ходими барҷастаи давлативу сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова, устоди МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” Уғулой Умаралиева, собиқадорони меҳнат Мукаррама Бузурукова ва Ҳамроҳ Атаева, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят Хоҷазода Хуршеда андешаҳояшонро перомуни тақвият бахшидани фаъолияти занон иброз доштанд. Таъкид гардид, ки меҳнат он вақт самара медиҳад, вақте кор таҳлил шавад ва аз он хулосаи даркорӣ бароварда шавад. Баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, бештар байни халқ будан аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳ гардидан барои шинохти бештари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замина мегузорад.

Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамоишро натиҷабардорӣ намуда, барои ҳамкории мутақобила ба занони фаъол изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки кумиҷроияи вилоятӣ ҳамеша ибтикороти занонро ҷиҳати беҳбудибахшии фаъолият дастгирӣ мекунад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, “Сухани халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: