Истиқлоли давлатӣ – кафили амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ26-10-2023, 09:04
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандустии шаҳрвандон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва пешгирии ҷинояти ноболиғон миёни сокинони маҳаллаи Азизбеков ва КВД №5 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло, Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Зокирзода Нусрат, аъзои гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, директори литсейи хусусии “Роҳнамо”, - Ҳакимниё Илҳомиддин, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Музаффарӣ Нодира ва сокинони маҳалла иштирок намуданд. Қурбонзода Убайдулло дар суханрониаш зикр намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам баланд намудани савияи хонандагон тадбирҳои зарури пиёда намуда истодааст. Дар робита ба ин ба хотири фаро гирифтани ҷавонон ба донишҳои замонавӣ ва технологияи муосир ҳаргуна озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳамаи моро зарур аст, ки фарзандонро дар руҳияи Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар баробари ин ҳама шароити мусоид, мутаассифона баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз ноэҳтиётӣ ва нофаҳмӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваст мегарданд. Дар чунин шароити басо мураккабу печида мову Шуморо зарур аст, ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи созандагӣ тарбият ва ҳидоят созем. Сипас Зокирзода Нусрат, вобаста ба дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандустии шаҳрвандон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон баромад намуда, иброз намуд, ки Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт маpбyт буда, тавассути таълиму таpбияи хуб ва донишу маъpифати баланд ба даст меояд. Худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд. Дар идома Ҳакимниё Илҳомиддин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳоло ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ саҳми фаъол бигзорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем. Ҳамзамон Музаффари Нодира вобаста ба пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда қайд кард, ки пошхӯрии оилаҳои ҷавон имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби ҷомеа башумор рафта мову Шуморо зарур аст, ки дар ин росто барои пешгирӣ намудани омилҳои он саъю кӯшиш намоем. Дар анҷом гуфта шуд, ки рисолати ҳар яки мову шумо ин нигоҳ доштани фазои тинҷу ороми Ватани азизамон буда, дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар руҳияи худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Сокини пойтахт будан шарафи бузург буда, дар айни замон масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб менамояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.