Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

27-04-2023, 13:27
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


Дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Оид ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистӣ дошта” вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарофзода Гавҳар - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Муллоҷонов - доктори илмҳои таърих, профессор, Исматуллозода Фаридун – сардори раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, вохӯрӣ ифтитоҳ гардид. Сипас Қурбонзода Убайдулло сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ алалхусус таҳдиди хатарҳои замони муосир моро лозим аст, ки ба арзишҳои миллӣ хеш бештар арҷгузор бошем. Рисолати ҳар яки мову шумо ин нигоҳ доштани фазои тинҷу ороми Ватани азизамон буда, дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар ҳисси худогоҳи ва ҳуввияти миллӣ вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Сокини пойтахт будан шарафи бузург буда дар айни замон масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб менамояд. Инчунин Сайфулло Муллоҷонов зимни маърузаи худ афзуд, ки мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ Худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат вазифаи ҳар як фарди бедордилӣ ин сарзамин аст. Дар идома Шарофзода Гавҳар баромад намуда, зикр кард, ки Саҳифаҳои рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тӯли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон, назири Шерак, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буд. Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотиpаи таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ бояд ба он pавона шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдоpӣ ва pасмy оинҳои аҷдодӣ ҳаpчи бештаp ташаккул ёбанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: