Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОМОДАГИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШАФҚАТ” БА 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

ОМОДАГИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШАФҚАТ” БА 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

25-08-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 392 нафар
Назарҳо: 0
ОМОДАГИИ  ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ШАФҚАТ” БА 25-СОЛАГИИ  ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.


Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” маҷлис баргузор гардид, ки дар он Носирҷон Мирзоев-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Изатуллои Ҳабибзод мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот ва Абдураҳим Шарифов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” иштирок намуданд.

Вохӯриро нахуст Абдураҳим Шарифов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” ифтитоҳ намуда, оиди омодагии аъзои ташкилдоти ибтидоии ҳизбии “Шафқат” ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ намуд. Ба иттилои роҳбарияти ташкилоти ибтидои аллакай аъзои ҳизби ташкилот ба ҷашни умумиллӣ 25-солагии Истиқлолият омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд, зеро ин ҷашн барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос боиси ифтихор ва сарфарозӣ бояд бошад. Истиқлолият барои мардуми сарбаланди тоҷик, ки таҷассумгари ормонҳои ҳазорсолаи ин миллати куҳанбунёд мебошад ба осонӣ ба даст наомадааст дар ин роҳ садҳо абармардони шуҷои Ватан ҷоннисорӣ кардаанд.

Сипас Носирҷон Мирзоев-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ нахуст ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ самимона табрик гуфт.
Мавсуф оиди пойдории истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, вусъати тадбирҳои созанда, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи навини кишвар, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани нуфузу обрӯи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақвияти корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар сатҳи маҳал ва гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ таъкидҳо намуд.

Дар идома мавсуф қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои зиёде ба даст омаданд. Масъулияти ҳар як фарди ҷомеа аст, ки бо меҳнати софдилона ва дасту дили нияти гарм ба хотири аз байн бурдани ҳисси бегонапарастӣ кӯшиш намояд. Шукрона бояд кард, ки миллати бузурги точик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо якдилона бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат ҷавонон. Бале, ҷавонон бояд хуб дарк намонд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдоди ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад, ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Ва инчунин барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.

Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри сазовор таҷлил намудани Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи маҳал ва оила корҳои таблиғотиро ҷиҳати моҳияти истиқлолият ва ваҳдат тақвият бахшанд ва ба насли наврас расидан ба қадри ба ин арзишҳои волоро талқин намоянд.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: