Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД…

ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД…

5-05-2023, 12:10
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
ОН ҶАНГРО ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАБУД…
Соли ҷорӣ мардуми диёри мо дар баробари дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз бузургтарин санаҳои таърихӣ–78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватани бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи имрӯза ва Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоянд.
9-уми май дар саҳифаи таърих ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва қувваҳои Хайр бар Шар абадан нақш бастааст. Ин санаро мардуми соҳибмаърифати башар чун рӯзи озодию истиқлол таҷлил намуда, азизу муқаддас медоранд. Ин шаҳодати он аст, ки аз Ғалабаи бузург бар фашизми истилогар даҳсолаҳо сипарӣ гаштааст, вале арзиш ва шаҳомати корномаи беназири халқ дар қалбу хотираи наслҳо боз ҳам равшантар мегардад.
Омӯхтани таърихи ин ҷанги хонумонсӯз ҳар фардро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд, зеро корномаи иштирокчиёни ин ҷанги даҳшатбор таҷассуми ҷасорат ва мардонагӣ буд. Дар ин маврид Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: «…таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ китоби захмӣ ва пурҷароҳатест, ки ҳар сатраш бо ҳарфҳои хунин навишта шудааст».
То ба имрӯз мардуми соҳибмаърифати олам Рӯзи Ғалабаро бо шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» таҷлил менамоянд. Дар ин шиор маънии пирӯзиву ғалаба, ватандӯстиву озодихоҳӣ, ҷасорату фидокорӣ, ҷонбозиву марг, диловариву мардонагӣ, ростию адолат, сулҳу субот, пайки шодиву поси хотири гузаштагон ифода ёфтааст. Аз ин рӯ, месазад, ки хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки оламро ҳимоя намуда, ҷони худро барои озодии инсоният фидо намудаанд, ҳамеша пос дошт ва назди онҳо сари таъзим фуруд овард.
Ин Ғалаба аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, бо иттиҳоду ягонагии қавму миллатҳо ва ҳалқҳои гуногун новобаста аз нажод, дин ва ҷаҳонбинӣ ба даст омадааст.
Фарзандони ҳалқи тоҷик низ баробари дигар халқҳои озодихоҳ дар ҳама муҳорибаҳои бузургтарини Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сарбаландона ва фидокорона иштирок ва аз озодии башар дифоъ намудаанд. Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадиди озодихоҳона, аз ҷумла дар озод намудани халқҳои Аврупо аз фашистон қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, ҳалок ва ё беномунишон гаштаанд. Дар байни онҳо ҷавонмардони ноҳияи мо низ кам набуданд.
Корномаҳои ҷангии ҳамватанони мо бо нишонҳои олитарини давраи ҷанг қадр шудааст. 54 нафар фарзандони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафар бо ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд. Зиёда аз 60 ҳазор нафар барои дар набардҳо қаҳрамонӣ нишон доданашон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.
Бохабар будан аз вазъи саломатӣ, аёдату ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, расонидани кумак ва эҳтироми онҳо вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.
Умед дорам, ки фарзандону наберагони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қадри падару бобоёни худ мерасанд ва дар роҳи ҳифзи Ватан аз истилогарон ҳамеша пайрави онҳо мебошанд.

Ҳ.Ибодуллоев-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: