Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

5-05-2023, 09:43
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
Қаҳрамонон намемиранд
Башарият аз замони пайдоиши олам чунин ҷанги хонумонсӯз ва фоҷеаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯйи миқёс даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиёти ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршудагон ба ҷанг зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд, бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни Иттиҳоди Шуравӣ бо Олмони фашистӣ гузаштааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Шуравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зидди истилогарони фашистӣ бархестанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зӯрӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ин ҷанг ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқҳои собиқ Шуравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Роҳбарони сиёсии Олмон бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани Шуравӣ буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шуравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Шуравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруву тавоноии мардум руҳияи «шикастнопазирӣ»-и душманро шикаст. 8 -уми майи соли 1945 Олмон ба санади таслимшавӣ имзо гузошт. 9-уми май Рӯзи иди Ғалаба эълон шуда, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 27 миллион мардуми шуравӣ ҳалок ва зиёда аз 1700 шаҳр вайрон карда шуданд ва миллионҳо нафар бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистони истилогар диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок кардаанд. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталионҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаҳои шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок гаштанд. Бо нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён аз худ ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Ҷанговаронро бо сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сум пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сум ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Шуравӣ» 35,2 миллион сум ҷамъоварӣ намуданд.
Аз шаҳри Панҷакент низ ҷавонмардони қавииродаву бебок бар зидди душман ба по хестанд. Дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5785 нафар ба майдонҳои набард ба сафи Артиши Шуравӣ фиристода шуданд. Аз ин шумора қариб 2400 нафар ба ҳалокат расида ё бенишон шуданд. 1657 нафар ба зодгоҳ баргаштанд, ки аксарият захмӣ ва маъюб буданд. Онҳо дар майдонҳои набард ҷасорат ва корнамоиҳои бемисл нишон дода, сазовори ордену медалҳои ҷангӣ, ифтихорномаҳо ва 2 нафар сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд.
Ба ёд овардани хизматҳо ва ҷоннисориҳои иштирокчиёни ин ҷанг қарзи ҳар як щаҳрванди соҳибдилу равшанзамир мебошад.
Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент» барои абадӣ гардонидани ному ёди муҳофизони Ватан оид ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гӯшаи махсус таҳия гашта, мавриди баҳрабардории тамошобинон қарор гирифтааст. Инчунин, дар муассисаи номбурда барои ёдбуди муҳофизони Ватан ва размандагони роҳи наҷот ҳамасола нишасту вохӯрӣ гузаронида мешавад.


Шаҳноза Кадирова
корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии ба
номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: