Родмардони Ватан13-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Ҳарчанд солҳо моро аз он рӯз - аз Рӯзи иди Ғалаба дур мебарад, вале шуҷоату далерии зафармандони набардгоҳҳои ҶБВ аз лавҳи хотири мо, ворисони ҳамин родмардони Ватан фаромӯш намешавад.
Чун имсол мо 71-умин солгарди Иди Ғалабаро ҷашн мегирем, месазад, ки он матонату мардонагӣ ва Ватандӯстии Қаҳрамонони миллати тоҷикро, ки дар қатори дигар халқиятҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ, китф ба китф истода, ҷонбозиҳо карда, Ватану халқи худро аз фашистони ғаддор наҷот доданд. Дар ҶБВ аз ноҳияи мо зиёда аз 2500 нафар иштирок намуда, беш аз 1200 нафар ҷони худро баҳри дифои халқу Ватани худ нисор кардаанд, зиёда аз 1270 нафар фарзандони ноҳия бо сари баланд чун зафармандони набардгоҳҳои ҶБВ баргаштанд. Аз намояндагони ноҳия мо як қатор родмардони шуҷоъ ба монанди марҳум Раҳимов Абдураҳмон бошандаи деҳаи Тоҷикобод, дорандаи 2 ордени «Шараф» ва як қатор медалҳои дигар шарафи халқу Ватанро дифо кардааст. Айни ҳол дар ноҳия 13 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 4 нафар заҳматкашони ақибгоҳи даврони ҶБВ дар қайди ҳаёт мебошанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон тасмим гирифт, ки дар арафаи ин ҷашни бузург иштирокчиёни ҶБВ-ро табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида, аз аҳволи онҳо бохабар шаванд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба хонаи Дарвешов Хуҷа ва Сатторов Абдуразоқ ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол, вазъи саломатии ин ду марди шуҷои Ватан бохабар гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Иштирокчиёни ҶБВ аз иқдоми хайрхоҳона ва ватандӯстонаи намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия хушнуду сарбаланд гардида, барои ташрифашон миннатдорӣ изҳор карданд. Воқеан дар набарди зиндагӣ ба хотири ободию осудагии Ватан ҷон супурдану мардонавор ҷангидан ва Ватанро ҳимояву дифо намудан шарафи бузург аст, ки ҳар кас қодири он нест. Маҳз ҷонсупориву ҷонфидоиҳои ин шахсиятҳои миллат буд, ки мо хизматашонро доимо ба ёд меорем ва қадр менамоем. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар оянда низ аз ҳолу аҳволи ин шахсиятҳои фидоӣ ва фарзандони миллат бохабар мегардад. Зиндаву ҷовид бод он ном ва корнамоиҳои мардони шуҷои Ватан. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.