Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » РӮЗИ ПОСИ ХОТИР. Ҷоннисориҳои зиёда аз сад миллату халқияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаромӯш нахоҳад шуд! Май 9, 2022 12:06

РӮЗИ ПОСИ ХОТИР. Ҷоннисориҳои зиёда аз сад миллату халқияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаромӯш нахоҳад шуд! Май 9, 2022 12:06

10-05-2022, 07:49
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
РӮЗИ ПОСИ ХОТИР. Ҷоннисориҳои зиёда аз сад миллату халқияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаромӯш нахоҳад шуд! Май 9, 2022 12:06

ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ яке аз фоҷиабортарин муҳорибаҳои хунин дар таърихи инсоният дар қарни гузашта ба ҳисоб рафта, дар айни замон яке аз саҳифаҳои пурифтихори тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуморида мешавад ва ҳамасола барои поси хотири шаҳидони он таҷлил мешавад. Имсол мо солгарди 77-уми Ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди фашизми гитлериро дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷашн мегирем. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва нафарони сулҳхоҳи ҷаҳон ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо, ки ҳар яки онҳо саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, ҳамасола сипосгузорона қадр менамоянд.

Тавре сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаров иброз намуд, «имрӯзҳо пос доштани чунин иди бузург аҳамияти махсус дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқияти собиқ Шӯравӣ ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои тақдири сохтору рушди ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷоннисориҳо кардаанд».

Ба гуфтаи мавсуф, дар ин муҳориба баҳри наҷоти ҷомеаи башарӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, ҳар вилояту шаҳр дар ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми арзанда гузоштаанд. «Имрӯз нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷанг ва сабақҳои гирифтаамон барои тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад. Наслҳои ҷавон вазифадоранд, ки собиқаи ин хотираҳоро ҳифз ва корнамоию ҷонфидоиҳои наслҳои гузаштаро пос доранд. Танҳо бо ҳамин роҳ онҳо дар вуҷуди худ ҳисси масъулиятшиносиро барои ҳифзи сулҳ ва амният дар кишвари худ ва суботи сайёра ташаккул дода метавонанд»,-изҳор медорад С.Акбаров.

Бояд зикр намуд, ки дар Ҷанги дуюми чаҳонӣ зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуда, амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Ба ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон сафарбар карда шуда буданд. Ин ҷанги фоҷиабор кишварҳои зиёдеро харобу тороҷ гардонида, тараққиёти онҳоро даҳсолаҳо ба қафо партофт, ки беш аз 60 миллион нафар одамон қурбон шуда, миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр ва ҳазорҳо деҳаҳо хароб гардида, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.

Ба зикри Саидхоҷа Акбаров, «таҳлили маводи бойгонӣ аз натиҷаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) тасдиқ менамояд, ки мубориза аз ҷониби халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ одилонаю озодихоҳона буда, ба дарёфти озодӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан бар фашизм равона гардида буд. Ҳайати роҳбарони сиёсии онвақтаи фашистӣ бо давлатҳои иттифоқбастаашон, ба монанди Италия, Ҷопон, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания аз рӯзҳои аввали оғоз намудани ҷанг бештар аз 110 дивизияи ҳарбии ҳаматарафа таҷҳизонидаро бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ба муҳориба сафарбар намуданд. Мақсади ягонаи ин иттифоқчиёни истилогар дар муддати кӯтоҳ тороҷ кардани Армияи Сурх, шикаст додани Иттиҳоди Шӯравӣ ва бемамониат ба худ тобеъ намудани дигар давлатҳои ҷаҳон буд. Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаю лавозимоти ҷангиашон ба мардуми ҷонфидою шарафманд ва баномуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар гардид, ки зафар ёбанд», — баён дошт ӯ.

Ҳамлаи ноогоҳонаю аҳдшиканонаи душман вазъи сиёсиро печида гардонид. Ба чунин ҳолат гирифтор шудани кишвар заруратеро ба амал овард, ки дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ҳолати омодабошии ҷангии сартосарӣ эълон карда шавад. Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ шумораи зиёди ихтиёриёни ҷонфидо барои рафтан ба ҳимояи Ватан шабонарӯзӣ ба навбат меистоданд. Мақсаду мароми ин фидоиёни Ватан аз таҳти дил ва содиқона рафтан ба ҷабҳа ва ҳимояи марзу буми ватан буд. Дар сафи ихтиёриён шаҳрвандони касбу кори гуногун ва синну соли мухталиф низ хеле зиёд буданд: аз ҷумла ҷавонони навхати синфҳои болоии мактабӣ, коргарони солхӯрда, деҳқонон ва зиёиён. Рӯҳияи мардумро ҳиссиёти ҳарчӣ зудтар ба фронт рафтану барои ҳимояи Модар-Ватан саҳм гузоштан фаро гирифта буд.

Сафарбарии неруи тавоно, иродаи қавӣ ва муттаҳидии собиқ мардуми Шӯравӣ рӯҳи душманро шикаст. 8 майи соли 1945 душман ба санади таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рӯзи иди фархундаи Ғалаба бар фашизм эълон гардида, барои насли оянда анъанаи таърихӣ гардид.

Ба гуфтаи Саидхоҷа Акбаров, Федератсияи Русия, ки меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад, то имрӯз нақши гузоштаи ҳазорон нафар диловарону фарзандони тоҷикистониро дар таъмини ғалабаи озодихоҳӣ пос медорад ва дар сатҳи баланд арҷ мегузорад. Тавре корномаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, фиристодагони кишварамон дар ин ҷанги хонумонсӯз баҳри озодии насли башар, аз зери асорати фашизм озод намудани халқҳои Аврупо ва таъмини ғалабаи халқҳои иттифоқчӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: