Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ёде аз қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Ёде аз қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

8-05-2017, 16:17
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
Ёде аз қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
ДУШАНБЕ, 08.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Фардо, 9 май ба ғалабаи халқҳои ҷаҳон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 72 сол сипарӣ мегардад. Ин рӯз дар таърих чун Рӯзи ёдбуди қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сабт гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар саҳифаи таърихи башарият ин ҷанг ҳамчун даҳшатноктарин ҷанг боқӣ мемонад. Зеро инсоният аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро бори аввал аз сар гузаронида буд. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу ҷуғрофияи набардҳояш пурдаҳшаттарин ҷанг дар таърихи инсоният арзёбӣ гардида, дар он беш аз 70 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон доман густурда буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба майдони набардҳо сафарбар гардида, дар озод намудани халқҳои гуногуни Аврупо аз зери асорати фашизм саҳми бузург гузоштанд. Дар ин ҷанг дар паи ба харобазор табдил додани 1700 шаҳр 50 миллион нафар одамон қурбон гардиданд, ки ин дар таърих талафоти бузургтарин аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бар зидди фашизм саҳми шоиста гузоштааст. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 300 ҳазор нафар фарзандони далеру шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои шадид бар зидди фашизм иштирок намуданд, ки беш аз 90 ҳазори онҳо аз майдони ҷанг барнагаштаанд. Фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик дар баробари намояндагони халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар набарҳои шадиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мардонагию қаҳрамонӣ нишон дода, беш аз 56 ҳазор нафари онҳо ба гирифтани ордену медалҳо, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва 54 нафар ба унвони олии ифтихории Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Номи қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва боз садҳо фарзандони шуҷои миллати тоҷикро номбар метавон кард, ки дар мубориза бар зидди фашизм мардонагӣ нишон дода, дар таъмини Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми шоиста гузоштанд.

Мардонагию корнамоии родмардони Ватан, ки дар мубориза бар зидди фашизм қаҳрамонӣ нишон дода, баҳри озодию таъмини ҳаёти осоишта ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз ёди инсоният наҳоҳад рафт. Ҳамасола дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аввали моҳи май «Ҳафати поси хотир» эълон гардида, дар доираи он зимни баргузории нишасту конфронсҳо аз корнамоию далерии қаҳрамонҳо ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки бар зидди фашизм мубориза бурдаанд, ба некӣ ёд карда мешавад.

Инчунин 9 май дар Боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии кишвар гузашти низомӣ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин рӯз 3000 нафар ҷавонон, ки барои хизмат ба сафи Артиши миллӣ даъват шудааанд, баъд аз қасамёдкунӣ барои пос доштани хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ ҳисса гузоштаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гул гузошта, садоқати худро ба родмардони далеру шуҷои Ватан баён мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: