Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ҷашни 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба оғоз гардиданд

Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ҷашни 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба оғоз гардиданд

4-05-2021, 10:03
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ҷашни 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба оғоз гардидандБо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 тасдиқ гардид.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додаст.

Тибқи иттилои манбаъ, Раиси шаҳр бо ин қарор масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашн чун анъана ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар он ҳалокгардида кумаки якдафъаина расонида мешавад. Инчунин ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Дар Тоҷикистон имсол солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни умумимиллист, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани ғалаба ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуда, дар қаламрави 40 давлати дунё амалиёти ҳарбӣ ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуданд ва миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи Ватан ба ҳалокат расидаанд.

Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: