Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарбози далер аз Тоҷикистон

Сарбози далер аз Тоҷикистон

5-05-2023, 09:48
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Сарбози далер аз Тоҷикистон

Дар таърихи инсоният Ҷанги Дуюми Ҷаҳон пуршадидтарин ва даҳшаттарин ҷанг буд, ки халқи Шуравӣ корнамоӣ ва қаҳрамониҳои зиёд нишон дода буданд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорон кӯдакон ва модарону хоҳарон басаробон монданд. Тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ихтиёран ба ин ҷанг сафарбар карда шуданд. Аз рӯзҳои аввал фронт ба афсару сарбозони далеру шуҷоъ ва пуртаҷриба ниёз дошт.
Яке аз чунин сарбозони далер Расул Саримсоқов буд, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, саҳми худро дар озодкунии якчанд шаҳру деҳотҳои ҳам Шуравӣ ва ҳам Аврупо гузоштааст. Расул Саримсоқов соли 1919 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна дар хоҷагии ба номи Телман ба сифати ҳисобчӣ кор кардааст. Ӯ аз шаҳри Панҷакент ба хизмати фаврӣ даъват шуда, аввал дар ҷанги Финляндия иштирок карда буд. Хизмати ҳарбиро дар шаҳри Кривой Роги Украина оғоз намудааст. Аз рӯзҳои аввал ӯро ба полки артилерии рақами 380 и дивизияи тирандози 176-уми округи ҳарбии Одесса қабул намуданд. Дар ин ҷо ӯ ба мактаби омӯзишии ҳарбӣ қабул шуда, 5 декабри соли 1979 қасами ҳарбиро қабул мекунад. Пас аз хатми мактаби ҳарбӣ, ӯ ба ҳайси командири шуъбаи 71-и қиркунандаи зиддитанкӣ фаъолият намуда, садҳо нафар сарбозони навро ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардааст.
Пас аз итмом расидани ҷанг дар ҷабҳаи Финландия тобистони соли 1940 Расули ҷавон дар озодкунии шаҳри Бессарабия саҳми худро мегузорад. Дар ин давра ӯ дар дарсҳо ва омӯзишҳои ҳарбӣ иштирок мекард, ки ин омӯзишҳо хеле ҷиддӣ ва серталаб буданд. Азбаски ин дивизияи тирандоз дар наздикии сарҳад ҷойгир буд, бояд сарбозу афсарони ин дивизия ҳаматарафа ботаҷриба буда, аз стратегияи ҷанг бохабар бошанд. Аввалин задухӯрд дар ин сарҳад 22-юми июни соли 1941, ки Олмони фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла карда буд, оғоз ёфт. 7-уми июли соли 1941 Саримсоқов ярадор мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, ҳамчун командири шуъбаи 71-и қиркунандаи зиддитанкӣ ӯ задухӯрдро давом медиҳад. Дар ин ҷанг Расул ярадор мешавад ва дар госпитали шаҳри Кировоград табобат мегирад. Пас аз ташхиси тиббӣ ӯро ба фронти Ғарбӣ мефиристонанд, ки Константин Жуков фармондеҳи ин фронт буд. Ҳамчун командир Расул дар озодкунии деҳаи Горяева Слобода, ки дар наздикии шаҳри Маскав ҷойгир буд, корнамоиҳо нишон дода, ярадор мешавад. Баъд аз табобати дурудароз моҳи марти соли 1942 Расул бо сарбозонаш ба фронти Волховский, ки фармондеҳаш Меретсков буд, пайваст мешавад. Дар ин давра ӯ дар озодкунии шаҳрҳои Гатчина, Красное Село ва Череповетс иштирок менамояд. Расул, ки сарбози ботаҷриба ва далер буд, ӯро ба фронти Ленинград мефиристонанд. Пас аз озод намудани шаҳри Ленинград моҳи июни соли 1944 ин бригадаи артиллериро аз фронти Ленинград ба фронти якуми Украина фиристоданд. Бригадаро ба ихтиёри Армияи танкии 4-ум, ки генерали армия Павлюшенко роҳбарӣ мекард, супориданд. Дар рафти задухӯрдҳои пуршадид ҳазорҳо сарбозу афсарон нобуд гаштанд. Ба ин нигоҳ накарда, якчанд шаҳрҳо аз дасти душман озод карда шуданд. Расул Саримсоқов дар рафти озодкунии шаҳри Сандамир ярадор мешавад ва дар госпитали ҳарбӣ табобат мегирад. 18-уми апрели соли 1945 «Оператсия Берлин» сар мешавад, ки дар он фронти якуми Украина аз ҷанубу ғарбии Берлин муборизаи шадидро сар мекунад. Дар натиҷаи ҷангҳои шадид афсарону сарбозони Шуравӣ Берлинро ишғол мекунанд. Расул Саримсоқов ҳамчун командир дар ин ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон медиҳад. Сарбози тоҷик дар қатори дигар сарбозону афсарони Шуравӣ ному насаб ва суроғаи худро дар девори Рейхстаги Берлин сабт мекунад ва дар зери он чунин менависад: Командири 76-и қиркунандаи танкӣ. Расули ҷавон дар озодкунии Чехославакия низ саҳми худро гузоштааст. Иди Ғалабаро ӯ дар Прага пешвоз мегирад. Охири моҳи майи соли 1945 ба Венгрия баргашта, дар ҳайати қӯшунҳои Шуравӣ хидматро давом додааст. Моҳи июни соли 1946 ӯ ба Ватан бармегардад.
Кумитаи ҳизбии Панҷакент Саримсоқовро ба шуъбаи милитсияи шаҳр ба кор мефиристад. Дар ин шуъба ӯ 28 сол фаъолият мекунад. Саримсоқов Расул собиқадори ҷанги Финляндия ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи се орден: ордени Ҷанги Ватанӣ, дараҷаи 1ва 2, Ситораи сурх, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои хидматҳои ҳарбӣ», «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои озод кардани Прага», «Барои ишғоли Кёнисберг», «Барои ишғоли Берлин», «Барои Ғалаба бар Олмон», «Жуков».
Дар яке аз хотираҳои Расул Саримсоқов чунин омадааст: 22 июни соли 1945 соати 4-и субҳ Олмони фашистӣ ба Ватани мо ҳуҷум овард. Полки 176-и тирандози мо аз эҳтимоли сар задани ҷанг хабардор буд ва ба он омодагӣ мегирифт. Вакте ҷанг сар шуд, моро бо бонги ҳарбӣ ба по хезонданд. Соати панҷу сӣ дақиқаи субҳ мо дар дидбонгоҳи сарҳадӣ вориди ҷанг шудем. Ман дар бисёр набардҳо иштирок намуда, панҷ маротиба захмӣ шуда, боз ба майдони ҷанг баргаштам. Пас аз моҳҳо ва рӯзҳои зиёди набардҳо, ранҷҳо, мо аз чандин шаҳру деҳоти кишварҳо гузашта, дарёи Одерро убур карда, ниҳоят, 21 апрели соли 1945 ба пойтахти фашистон - Берлин расидем…
Чунин хотираҳо хеле зиёданд. Ин як пораест аз хотироти ин сарбози далер.
Соли 1985 Саримсоқов Расул бо таклифи Ҳукумати Федератсияи Россия дар тантанаҳо бахшида 40 - солагии Ғалаба ва 70 - солагии Қувваҳои Муссаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар гузашти ҳарбӣ бахшида ба 60 - солагии Ғалаба ва соли 2006 дар чорабиниҳо бахшида ба 65- солагии муҳорибаи Москва иштирок карда буд.
Расул Саримсоқов 11 феврали соли 2009 аз олам даргузашт. Фарзандони ӯ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент кор ва фаъолият мекунанд. Баъд аз марги падарашон дар хонаи марҳум фарзандонашон Хона-музей омода намуданд. Дар ин Осорхона аксҳо, ҳуҷҷатҳо, ёддоштҳо аз корнамоиҳои ин сарбози далер ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин дар ин ҷо ордену медалҳои Расул Саримсоқов, ки барои қаҳрамониҳояш дар ин ҷанг мукофотонида буданд, ба маъраз гузошта шудааст. Бо тамошои ин Осорхона ҳар як фард, ҳар як ҷавону наврас аз он ранҷу мусибат, қаҳрамониҳо, ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва муттаҳидии халқхои Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар давраи ин ҷанг нишон дода буданд шинос мешавад. Инчунин расми Расул Саримсоқов дар гӯшаи Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бахшида ба 75 - солагии Ғалаба омода гаштааст, гузошта шудааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки қаҳрамонон намемиранд. Қаҳрамониву корнамоиҳои ин абармардон буд, ки имрӯз мо дар зери осмони софу беғубор зиндагӣ мекунем. Мо, созандагони ҷомеаи нав дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, дар марҳалаи бунёдкориҳо ва обод сохтани сарзамини аҷдодии худ бояд аз падарони сарбаланди худ ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат гирем.


Мудири фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент” Фирӯза Руҳулова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: