Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Боздид аз қисмҳои низомии мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ

Боздид аз қисмҳои низомии мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ

22-02-2023, 14:05
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз қисмҳои низомии мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ
Таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар яке аз афзалиятҳои барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад.

Дар идомаи баргузории курси бозомӯзии ҳизбӣ гуруҳе аз иштирокчиёни курси бозомӯзи бо роҳбарии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо мақсади шиносоӣ аз шароити будубош ва хизмати ҷавонон аз қисми низомии 3502-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор кайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”. Дар идома зикр намуданд, ки ҳама сола рӯзи 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Хушбахтона имсол кулли мардуми тоҷик 30-солагии ин нерӯи қудратмандро ҷашн мегирад. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва сипари муҳимтарини ҳар як давлату миллат мебошад, ки ҳанӯз дар оғози ба Истиқлолият расидани кишвари азизамон ин ниҳоди боэътимод таъсис ёфта, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай намуд, ва ҳоло қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро комилан таъмин намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин қисми низомӣ китобхона бо садҳо нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, аз ҷумла асарҳои Пешвои миллат, китобҳо оид ба дастовардҳои истиқлол, китобҳои бадеӣ, адабиёт оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мудофиа ва масъалаҳои вобаста ба он бунёд шудааст. Афсарону аскарон имкон доранд дар вақтҳои холӣ аз адабиёти бадеиву соҳавии китобхона истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро такмил диҳанд.

Дар ҳамаи ошёнаҳо ва гирду атрофи қисми низомӣ камераҳои назоратӣ насб гардидаанд, ки барои таъмини бехатарӣ ва тартибот кӯмак мерасонанд.

Ҳайати шахсӣ ба масъалаи ободу зебо гардонидани гирду атроф ва саҳни бинои қисми низомӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Меҳмонон баъди хӯроки нисфирӯзӣ аз барномаи фарҳангӣ дидан намуданд.Боздид аз қисмҳои низомии мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ

Дар охир тазаккур дода шуд, ки мардуми Тоҷикистон ба хизматчиёни харбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷоъи Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Ҳамзамон, бо ҳайати шахсии қисми низомӣ суҳбати озоду ошкоро доир гардида, аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ - маводҳои гигиенӣ ва лавозимоти варзишӣ (шашка, шоҳмот, тӯбҳои варзишӣ, ракетка, тӯри волейболбозӣ) ва барои фарзандони низомиёни ин қисми ҳарбӣ шириниҳои идона тақдим гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: