Иштирок дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ30-09-2021, 08:16
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
30.09.2021 07:43, шаҳри Хоруғ 30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори солгарди сиюми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021-умро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номида, саҳми фарзандони далеру шуҷоъ, бонангу номус, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар ваҳдати комил, сулҳу суботи пойдор, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар роҳи ҳимояи истиқлоли давлатӣ, ба эътидол овардани вазъият ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, назаррас арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки дар тӯлӣ сӣ сол тамоми халқи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд, ки истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва кафолати хонаи ободу сари баланди мо мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани соҳибихтиёр номиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон бо ифтихор ва итминон изҳор доштанд, ки хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи муқаддаси базиммадоштаи худро бо эҳсоси масъулият дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд иҷро карда истодаанд. Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба сохтори боэътимоду муназзам ва муташаккилу боэътимод табдил ёфта, имрӯз бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ барои ҳимояи Ватан, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа омода мебошанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи бобарор ва аз санҷиши омодагӣ ба дараҷаи омодабошии ҷангии пурра бомуваффақият гузаштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ, ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки дар он, зиёда аз 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок карданд. Ин чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро дар тамоми қаламрави кишвар бори дигар собит сохт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити бисёр мураккабу печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои мо фаъол гардидани ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ва дар маҷмӯъ ноором будани вазъият дар кишвари бо мо ҳамсоя андешаронӣ карда, таъкид карданд, ки нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ дар ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва дастоварди муҳимтарини он - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон дучанд мегардад. Таъкид шуд, ки дар ин раванд, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ба ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ, амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод изҳор доштанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, яъне фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд. Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, баргузор шуд. facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.