Боздид аз қисми низомии 05170-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2022-05-117-05-2022, 07:00
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Дар идомаи баргузории курси бозомӯзии ҳизбӣ гуруҳе аз шунавандагон бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, ки рутбаи ҳарбии генерал-майор доранд, бо мақсади шиносоӣ аз шароити будубош ва хизмати ҷавонон аз қисми низомии 05170-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин қисми низомӣ китобхона бо садҳо нусха адабиёти соҳавию бадеӣ аз рӯйи мавзуъҳо, аз ҷумла асарҳои Пешвои миллат, китобҳо оид ба дастовардҳои истиқлол, китобҳои бадеӣ, адабиёт оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мудофиа ва масъалаҳои вобаста ба он бунёд шудааст. Афсарону аскарон имкон доранд дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти бадеиву соҳавии китобхона истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро такмил диҳанд. Дар ҳамаи ошёнаҳо ва гирду атрофи қисми низомӣ камераҳои назоратӣ насб гардидаанд, ки барои таъмини бехатарӣ ва тартибот кӯмак мерасонанд. Ҳайати шахсӣ ба масъалаи ободу зебо гардонидани гирду атроф ва саҳни бинои қисми низомӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Дар гирду атроф гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шудаанд. Меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва рассомӣ дидан намуданд. Дар охир бо ҳайати шахсии қисми низомӣ суҳбати озоду ошкоро доир гардида, аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ - 1 адад телевизор ва лавозимоти варзишӣ (шашка, тӯбҳои варзишӣ, тӯри волейболбозӣ) тақдим шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.