Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мутахассис заминларзаи харобиовари Туркияро ғайримуқаррарӣ номид

Мутахассис заминларзаи харобиовари Туркияро ғайримуқаррарӣ номид

8-02-2023, 23:01
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
Мутахассис заминларзаи харобиовари Туркияро  ғайримуқаррарӣ номидЗаминларзаи харобиовареро, ки 6 феврал дар Туркия рух дод, метавон ғайримуқаррарӣ ҳисобид, зеро таконҳои якуми он бо заминларзаи дуюм қиёсшаванда буданд. Дар ин хусус ба ТАСС Директори Институти қишри замини бахши сибирии Академияи илмҳои Русия, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Дмитрий Гладкочуб хабар додаст.

«Дар Туркия зилзилаҳои аз ин ҳам сахттар ба амал омада буданд, вале дуто ин гуна сахт- ин, шояд бар хилофи қоида ва ғайримуқаррарӣ бошад. Одатан пасларзаҳо нисбат ба такони аввал заифтаранд. Агар шиддати ларзиш минбаъд пасттар мешуд, шояд ин гуна вайронӣ ба амал намеомад», — иброз доштаст ин олим.

Такони аввал дар умқи 7 километр дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Шиддати он 7,7 баллро ташкил дод. Давоми рӯз пасларзаҳои қувваташон гуногун ба қайд гирифта шуданд, як заминларзаи дигар бо шиддати заминларзаи аввала ба амал омад. Он дар километри 67-уми шаҳри Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, марказаш дар 2 км аз сатҳи замин ҷойгир буда, шиддаташ боз 7,7 баллро ташкил дод.

Дар 10 музофоти Туркия ва давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Сурия таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо ба қайд гирифта шуданд. Теъдоди ҳалокшудагон дар Туркия бар асари заминларзаи харобиовар беш аз 5,8 ҳазор нафар буда, 34 810 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Сурия, шумораи ҳалокшудагон ба 1250 нафар афзуда, 2054 нафар маҷрӯҳон ба беморхонаҳо бурда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: