Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гурӯҳи муташаккили қаллобон бо истифода аз номи ширкати «Газпром» мардумро фиреб доданӣ ҳастанд

Гурӯҳи муташаккили қаллобон бо истифода аз номи ширкати «Газпром» мардумро фиреб доданӣ ҳастанд

11-01-2023, 21:42
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Гурӯҳи муташаккили қаллобон бо истифода аз номи ширкати «Газпром» мардумро фиреб доданӣ ҳастандБонки миллии Тоҷикистон аз як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони кишвар аз номи ширкати фаръии фаромиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» навор паҳн менамоянд, ҳушдор медиҳад.

Тавре ки Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ зикр менамояд, ки гўё Раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микро сармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст ва аз шаҳрвандони мо барои соҳиби маблағи калон шудан дар аввал интиқоли маблағро аз онҳо талаб менамоянд.

Дар робита ба ин Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: