Мурод Хол Ҷумъазода, сардори Раёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «Зарубежнефтгаз» як муассисаи тобеи ширкати «Газпром»-и Русия барои парма кардани чоҳи дуввум дар мавзеи Сариқамиш эълони омодагӣ кардааст.Ба гуфтаи вай, дар сурати тавофуқи ду тараф барои оғози кори амалии иктишофу истихроҷи нафту газ корҳо аз 4 то 5 сол лозим мешавад.
Вай таъкид кард, ки ин як тарҳи ҷудогона ва берун аз тарҳи аввал аст, ки ин ширкати русӣ дар мавзеъи Шаамбарӣ ба иҷро мерасонад.
Мақоми Саридораи геология оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар ин нишаст зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ ба маблағи 2 474 775,0 сомонӣ аз буҷа ҷудо шудааст.
Ба гуфтаи вай, иҷрои корҳо оид ба муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои зертобеъ тибқи тартиби муқарраргардида, аз рӯи нақшаҳои пешбурди корҳо ва таъмини талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд.
Вай таъкид кард, ки дар давраи ҳисоботӣ гуфтушунидҳо бо шарикони дохиливу хориҷӣ оид ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи геология, аз қабили намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ширкатҳо ва хадамоту идораҳои геологии Чин, Олмон, Финляндия, Британияи Кабир, Русия ва Эрон иҷро гардидааст. Дар Шӯрои илмӣ-техникии ин муассиса 21 лоиҳаи омӯзиши геологӣ, 13 ҳисоботи геологӣ ва 3 ҳисоботи иттилоотӣ баррасӣ шудаанд.
Инчунин зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби саридора ба баррасии Комиссия оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз дар назди Вазорати молия 55 лоиҳаи қарордод барои муайян намудани бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ ва роялтӣ ирсол гардида, аз он 18 лоиҳаи пешниҳодшуда дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.