Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АНМН: гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллобон дастгир шуд.

АНМН: гурӯҳи трансмиллии нашъаҷаллобон дастгир шуд.

30-01-2018, 16:51
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
АНМН: гурӯҳи трансмиллии  нашъаҷаллобон дастгир шуд.

Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар ин давра кормандони агентӣ бевосита фаъолияти 52 (соли 2016-48) гурӯҳи ҷинояткорро дар ҳайати 115 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 5-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи трансмиллӣ мебошанд. Дар ин хусус 24 январ дар нишасти матбуотӣ муовини директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода иттилоъ дод. Мавсуф афзуд:
-Ҳамчунин соли 2017 зимни тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ, кормандони агентӣ муайян карданд, ки ҳанӯз соли 2010 истиқоматкунандагони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон- Мусулмон Холов бо шаҳрвандони кишвар, сокинони ноҳияи мазкур З. Сафарбекзода, Ф. Шукуров, Д. Гулмирзоев, Ш. Мирзоев ва шаҳрвандони Федератсияи Русия П. Киселёв, О. Киселёва, Н. Бондаренок ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ ташкил дода, аз Афғонистон тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъа машғул буданд. Аз моҳи июн то декабри соли 2015 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии зикршуда-Ш. Мирзоев, И. Насриддинов, П. Киселёв, О. Киселёва ва Н. Бондаренок аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Русия бо миқдори махсусан калони воситаи нашъадори героин дастгир ва маҳкум карда шуданд. 12 апрели соли 2017 нисбат ба дигар узви ин гурӯҳ Д. Гулмирзоев барои идома додани таъқиби ҷиноятӣ аз Пркуратураи генералии Федератсияи Русия тавассути Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ ворид гардид. Вобаста ба ин ҳолат, моҳҳои июл ва августи соли 2017 роҳбар ва дигар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии зикргардида, аз ҷумла Мусулмон Холов, З.Сафарбекзода, Д.Гулмирзоев ва Ф.Шукуров муайян ва пай дар пай дастгир карда шуданд. Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.
АНМН: гурӯҳи трансмиллии  нашъаҷаллобон дастгир шуд.
Зикр шуд, ки ҳамин гуна 6 амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуда, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ошкор ва аз онҳо 210 кг 0, 75 гр маводи нашъадор мусодира карда шудааст. Ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвар низ самаранок аст. Агентӣ бо ҳамдастӣ бо СҚС КДАМ дар сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 13 амалиёти муштарак гузаронида, дар маҷмуъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 296 кг 822 гр маводи нашъадор мусодира карда шуд.
Раванди дигаре, ки зикр гардид, ин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Viber ва WhatsApp машғул шудан ба фурӯши маводи мухаддир аст, ки ошкор гардиданд. Гуфта шуд, ки бо ин восита танҳо миқдори начандон зиёди маводи нашъадор фурӯхта мешуданд. Ин амалҳо низ ошкор ва пеши роҳи онҳо баста шуд.
Дар нишаст ҳамчунин маълумоти омории дигар оид ба фаъолияти Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ оварда шуд.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: